Ҷустуҷу
-
Dec 27, 2016
Баъди муддатҳо ройзанӣ миёни Душанбе ва Тошканд, як ҳайъати расмӣ аз Узбакистон ба Тоҷикистон сафар кард. Коршиносон, сафари ин ҳайъатро самараи сиёсати ҳукумати ҷадиди Узбакистон медонанд.
-
Dec 27, 2016
Ҳайате аз мақомоти Ӯзбакистон ба сарпарастии муовини нахуствазири ин кишвар ба Тоҷикистон сафар кард.
-
Dec 26, 2016
Сафари ҳайати Узбакистон таҳти роҳбарии Рустам Азимов-муовини сарвазири ин кишвар ба Тоҷикистон, рӯзи 26-уми декабр дар назар буд, ба таъхир афтод.
-
Dec 26, 2016
Ҳамзамон бо рӯзи сеюми сафари расмии Алмазбек Атамбоев ба Узбакистон, руасои ҷумҳури Узбакистон ва Қирғизистон бар сохти роҳи оҳани Чин-Қирқизистон-Узбакистон таъкид карданд.
-
Dec 22, 2016
Мудири бахши таҳқиқоти Осиёи Марказии Институти таҳқиқоти роҳбурдии Русия муътақид аст, Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури ҷадиди Узбакистон тавони маҳори таҳдиди терроризмро дар ин кишвар дорад.
-
Dec 16, 2016
Раиси ҷумҳурии Узбакистон тайи аҳкоме теъдоде аз мақомоти ин кишварро барканор ва ба ҷойи онон афроди ҷадидеро дар мансабҳои давлатӣ ба кор гирифт.
-
Dec 10, 2016
Раисҷумҳури мунтахаби Узбакистон бо интиқод аз набуди иртибот байни мақомоти давлатӣ бо мардум, шаҳрдорон, додситонҳо ва мақомоти интизомиро аз соли 2017 муваззаф ба ироаи гузориши фаъолият ва амалкарди худ ба мардум кард .
-
Dec 10, 2016
Вазири умури хориҷии Узбакистон гуфт, Тошканд ҳамчунон ба сиёсати худ дар напайвастан ба созмону блокҳои низомӣ идома хоҳад дод.
-
Dec 08, 2016
Камтар аз 24 соат пас аз эъломи пирӯзии Шавкат Мирзиёев дар интихоботи раёсати ҷумҳурии чаҳоруми декабри Узбакистон, раиси ҷумҳурии мунтахаби ин кишвар бо дабири кулли тоҷики Созмони ҳамкории Шангхай дидор ва гуфтугӯ кард.
-
Dec 07, 2016
Раиси комиссияи интихоботи Узбакистон рӯзи 5 декабр ҳамзамон бо эъломи орои номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар, аз пирӯзии қотеи Шавкат Мирзиёев хабар дод.
-
Dec 07, 2016
Раисҷумҳури исломии Эрон дар паёме ба раисҷумҳури мунтахаби Узбакистон пирӯзии вайро дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар табрик гуфт.
-
Dec 07, 2016
Раисиҷумҳури тозаинтихоби Узбакистон, Шавкат Мирзиёев, ба Рашид Олимов, дипломати тоҷик, дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанҳай барои назорату баҳогузории интихоботи президентӣ изҳори миннатдорӣ кардааст.
-
Dec 06, 2016
Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури муваққати Узбакистон бо касби беш аз 88 дарсад оро дар интихоботи раёсатҷумҳурии чаҳоруми декабр дар ин кишвар ба пирӯзӣ расид.
-
Dec 05, 2016
Комиссияи марказии интихоботи Узбакистон имрӯз зимни натиҷагирии муқаддамотӣ аз интихоботи рӯзи чаҳоруми декабр, Шавкат Мирзёевро бо касби аксарияти оро, раисиҷумҳури мунтахаби ин кишвар эълон кард.
-
Dec 05, 2016
Комиссияи марказии интихоботи Узбакистон имрӯз зимни натиҷагирии муқадамотӣ аз интихоботи рӯзи 4-уми декабр Шавкат Мирзиёевро раиси ҷумҳури тозаинтихоби ин кишвар эълон кард.
-
Dec 05, 2016
Шавкат Мирзиёев бо касби 88,61%-и овозҳо дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 4 декабр дар Узбакистон, пирӯзи ин давр аз интихобот шуд.
-
Dec 05, 2016
Раиси Комиссияи марказии интихоботи ҷумҳурии Узбакистон аз эъломи натоиҷи аввалияи интихоботи раёсатҷумҳурии зудҳангоми ин кишвар таи имрӯз хабар дод.
-
Dec 04, 2016
Комиссияи марказии интихоботи Узбакистон аз мушорикати 86, 62 дарсади мардум дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар хабар дод.
-
Dec 04, 2016
Интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон дар ин кишвар оғоз шуд.
-
Dec 03, 2016
Интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон фардо якшанбе дар саросари ин кишвар баргузор мешавад.