Ҷустуҷу
-
Май 15, 2018
Раисҷумҳури исломии Эрон хориҷ шудани Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ ва интиқоли сафоратхонаи ин кишвар дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин аз Телавив ба Қудсро ду иштибоҳи бузург ва таърихии Вашингтон хонд.
-
Май 13, 2018
Пойгоҳи интернетии Ҳил навишт, раисҷумҳури Амрико бо хуруҷ аз БАРҶОМ назми ҷаҳониро бар ҳам зада ва ба шикофи ихтилофот бо Иттиҳодияи Аврупо умқ бахшидааст.
-
Май 12, 2018
Вазорати умури хориҷаи Русия дар вокуниш ба таҳримҳои ҷадиди Амрико бо интишори баёнияе эълом кард, ки Вашингтон бо таҳрим алайҳи Русия ба думболи ҷуброн нокомии худ дар ҳамлаи мушакӣ ба Сурия аст.
-
Май 12, 2018
Жан-Ив Ле Дриан, вазири хориҷаи Фаронса, иқдоми Амрикоро мабнӣ бар эъмоли таҳримҳо зидди ширкатҳои хориҷӣ, ки бо Эрон равобити бозаргонӣ доранд, ғайри қобили қабул тавсиф кард ва гуфт: Аврупоиҳо набояд баҳои хуруҷи Амрикоро аз БАРҶОМ пардохт кунанд.
-
Май 11, 2018
Фармондеҳи ситоди марказии неруҳои мусаллаҳи Амрико имрӯз (ҷумъа) бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Душанбе пойтахти ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.
-
Май 11, 2018
Давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон панҷшанбешаб дар вокуниш ба хуруҷи ғайриқонунии Амрико аз тавофуқномаи БАРҶОМ, баёнияе содир кард.
-
Май 11, 2018
Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон бо ишора ба хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ таъкид кард: Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ҳеҷ кадом қобили эътимод нестанд ва Брюссел дар бадаҳдӣ дасти каме аз Вашингтон надорад.
-
Май 09, 2018
Раҳбари инқилоби исломӣ дар суханони муҳиме дар вокуниш ба эъломи хориҷ шудани Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ гуфтанд: Иллати мухолифати Амрико бо низоми ҷумҳурии исломӣ ин аст, ки инқилоби исломӣ дасти онҳоро аз Эрон кӯтоҳ кард.
-
Май 09, 2018
Иттиҳодияи Аврупо, мақомоти аврупоӣ ва дабири кулли Созмон милал ба хориҷ шудани Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ ё барномаи ҷомеи иқдоми муштарак, ки дар Эрон ба таври хулоса БАРҶОМ номида мешавад, вокуниш нишон доданд.
-
Май 09, 2018
Кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар вокуниш ба тасмими сешанбе шаби Доналд Трамп, раисҷмҳури Амрико бино бар хурӯҷи ин кишвар аз БАРҶОМ, ҳимояти худро аз тавофуқи ҳастаии Эрон, эълом ва бар ҳифзи он таъкид карданд.
-
Май 09, 2018
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз эъломи хурӯҷи Амрико аз Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ), гуфт, Амрико ҳеҷ гоҳ ба тааҳҳудоташ пойбанд, набудааст ва хурӯҷаш аз БАРҶОМ низ қобили пешбинӣ буд.
-
Май 09, 2018
Раисиҷумҳури Амрико фармони хурӯҷ аз Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ)-ро имзо кард.
-
Май 08, 2018
Кореяи Шимолӣ ба Амрико ҳушдор дод, фишор ва таҳдиди низомӣ алайҳи Пхенянро мутаваққиф кунад.
-
Май 06, 2018
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба БАРҶОМ ва мавзеъгириҳои раиси ҷумҳурии Амрико, ҳушдор дод: Хуруҷи Трамп аз БАРҶОМ, пушаймонии таърихӣ барои Амрико дар пай хоҳад дошт.
-
Apr 29, 2018
Утоқи бозаргонии Русия ва Олмон тайи баёнияе эълом кард, зарари Олмон аз таҳримҳои якҷонбаи Амрико алайҳи Русия ба якуним миллиард евро мерасад. Тибқи ин баёния, яке аз аҳдофи сафари Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ба Вашингтон маоф шудани ширкатҳои бузурги олмонӣ аз таҳримҳои Амрико дар иртибот бо мақомот ва тоҷирони рус буд.
-
Apr 28, 2018
Раиси кулли Бонки марказии Эрон, гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон сенарияҳои мухталифи бонкиро барои хуруҷи эҳтимолии Амрико аз БАРҶОМ иттихоз кардааст.
-
Apr 26, 2018
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ гуфтанд, Ҷумҳурии Исломии Эрон чиҳил сол аст, ки бо амал ба Қуръон, муқобили зӯргуиҳои истикбор истода ва пешрафт кардааст.
-
Apr 25, 2018
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, агар Амрико аз БАРҶОМ хориҷ шавад, болотарин ҳазинаро дар ҷаҳон пардохт хоҳад кард.
-
Apr 25, 2018
Вазири умури хориҷаи Эрон рӯиз сешанбе дар гуфтугӯ бо “Associated Press” тасреҳ кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сурат хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ, ба эҳтимоли зиёд аз ин тавофуқ хориҷ хоҳад шуд.