Ҷустуҷу
-
Oct 04, 2017
Ширкати миллии нафти Эрон ва ширкати нафтии Лукойли Русия, ду ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар Маскав имзо карданд.
-
Oct 04, 2017
Тими миллии вушу (ушу)-и Ҷумҳурии Исломии Эрон барои нахустин бор унвони нахусти рақобатҳои қаҳрамонии ҷаҳонро ба даст овард ва ба султаи тӯлонимуддати чиниҳо дар ин ришта поён дод.
-
Oct 03, 2017
Дар дидорҳои рӯзи сешанбеи вазири умури хориҷии Эрон бо мақомҳои аршади Қатар ба зарурати густариши ҳамкориҳои иқтисодию сиёсии ду кишвар таъкид шуд.
-
Oct 02, 2017
Тими мошинҳои химиявии электронии Донишгоҳи санъатии Амиркабири Эрон, мақоми қаҳрамонии риштаи амалкардро дар Мусобиқоти ҷаҳонии мошинҳои Кемикори Барселонаи Испания касб кард.
-
Oct 02, 2017
Раиси Ситоди муштараки артиши Туркия, субҳи имрӯз (душанбе) бо раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон дар Теҳрон дидор ва гуфтугӯ кард.
-
Sep 30, 2017
Дар вокуниш ба баргузории ҳамапурсии ҷудоӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ, неруҳои эронӣ ва артиши Ироқ дар марзи Эрон ва минтақаи Курдистон размоиши муштарак баргузор мекунанд.
-
Sep 30, 2017
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, идома ёфтани вазъияти буҳронӣ ва асафноки мусулмонони руҳингиёии Миёнмор ва бетаваҷҷӯҳии давлати ин кишвар ба ҳушдорҳо метавонад, яке аз бадтарин буҳронҳои инсонии асри ҳозирро рақам бизанад.
-
Sep 29, 2017
Мудири кулли барномарезӣ ва назорат бар хадамоти роҳи оҳани ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Дар се соли гузашта, 21 қатори гардишгарии хориҷӣ вориди Эрон шудаанд.
-
Sep 29, 2017
Мушовири вазири улум, таҳқиқот ва фанноварии Эрон гуфт: Дар ҳоли ҳозир, рутбаи илмии Эрон ба ҷойгоҳи 18 дар сатҳи ҷаҳон расидааст.
-
Sep 28, 2017
Вазири дифои Амрико ҳангоми дидор аз Афғонистон, иттиҳомзанӣ ва иддаои мақомоти амрикоӣ дар бораи “кӯмакрасонии Эрон ва Русия ба нерӯҳои Толибон”- ро такрор кард.
-
Sep 28, 2017
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт : Тавофуқи ҳастаӣ - «БАРҶОМ» - бар асоси боварӣ ба вуҷуд наомадааст ва Эрон низ ба Амрико боварӣ надорад.
-
Sep 27, 2017
Мудири бахши манъи густариши силоҳҳои атомии Вазорати хориҷаи Русия таъкид кард, ки дар масири озмоишҳои мушакии Эрон ҳеҷ мамнуияти қонунӣ вуҷуд надорад.
-
Sep 25, 2017
Сухангӯи Шӯрои олии амнияти миллии Эрон аз баста шудани марзҳои ҳавоии Эрон бо минтақаи Курдистони Ироқ хабар дод.
-
Sep 24, 2017
Корвони Эрон дар ҳаштумин рӯзи бозиҳои осиёии дохили салон ва ҳунарҳои размии Ишқобод-2017, 20 тилло, 15 нуқра ва 44 биринҷӣ касб кард ва ҷамъи медалҳои варзишкорони ин кишвар ба 79 расид.
-
Sep 24, 2017
Мудиромили Бонки тавсеаи содироти Эрон аз имзои нахустин қарордоди таъмини молӣ (Финансис) байни Эрон ва Аврупо хабар дод.
-
Sep 24, 2017
Тими снукери Эрон бо бартарӣ баробари Қатар ба медали тиллоии снукери тимии бозиҳои дохили салони Осиё дар Туркманистон даст ёфт.
-
Sep 24, 2017
Мушовири собиқи амнияти миллии Афғонистон гуфт, дӯстӣ ва робитаи наздик бо Эрон ва дигар ҳамсоягон барои Афғонистон аз робита бо абарқудратҳо муҳимтар аст.
-
Sep 24, 2017
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, роҳе, ки Тоҷикистон дар қиболи Эрон дар пеш гирифта, иштибоҳ аст ва Эрон омодаи ҳамкорӣ барои ҳалли сӯитафоҳумҳо аст.