Ҷустуҷу
-
Jul 10, 2018
Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон аз ифшо шудани ду мавриди дарёфти ришва барои судури корти маофият аз хидмати ҳарбӣ ва боздошти 3 нафар дар ин иртибот хабар дод.
-
Jul 09, 2018
Раша Тудей гузориш дод, ки Фаронса, Олмон ва Англия, се қудрати бузурги аврупоии узви тавофуқи ҳастаӣ тасмим гирифтаанд, равобити тиҷории худро бо Теҳрон бидуни корбурди доллари Амрико идома диҳанд.
-
Jul 09, 2018
Раиси маркази дипломатияи умумӣ ва расонаии Вазорати хориҷаи Эрон даргузашти Эрон эроншиноси италияиро таслият гуфт.
-
Jul 09, 2018
Расонаҳои ҳиндӣ аз талоши ширкатҳои амрикоӣ барои афзоиши содироти нафт ба Ҳинд хабар доданд.
-
Jul 06, 2018
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон панҷшанбешаб дар гуфтугӯи телефонӣ бо Эмануэл Макрон раиси ҷумҳурии Фаронса бо ишора ба баррасии бастаи пешниҳодии се кишвари аврупоӣ дар бораи БАРҶОМ аз сӯи Эрон, бар зарурати таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба нукоти мадди назар ва таъмини хостаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон барои идомаи раванди ҳамкориҳо дар нишасти рӯзи ҷумъаи вазирони хориҷаи Эрон ва 4+1 дар Вена, таъкид кард.
-
Jul 05, 2018
Узбакистон аз 15 июл ба шаҳрвандони 101 кишвари ҷаҳон ҳаққи сафари бидуни виза ба муҳлати то 5 рӯз медиҳад. Ин иқдом имкон медиҳад, то сайёҳоне ки мехоҳанд якбора чанд кишвари Осиёи Марказиро бубинанд, аз Узбакистон низ боздид кунанд ваё тавассути фурудгоҳҳои ин кишвар сафар кунанд.
-
Jul 05, 2018
Вазорати умури хориҷии Афғонистон аз давлати Ҷумҳурии Озарбойҷон хост, барои густариши равобити ду кишвар сафорати худро дар Кобул эҷод кунад.
-
Jul 04, 2018
Раисҷумҳури исломии Эрон дар нишасти хабарии муштарак бо Александр Ван дер Беллен, раисҷумҳури Австрия дар Вена, БАРҶОМ-ро як тавофуқи бисёр муҳим барои Эрон, Иттиҳодияи Аврупо ва ҷаҳон баршумурд ва гуфт: Иқдоми Амрико дар хуруҷ аз БАРҶОМ хилофи қонун, мусавваботи Шӯрои амният ва тааҳҳудоти чандҷониба аст ва ба зарари Амрико ва дигарон хоҳад буд.
-
Jul 04, 2018
Раисҷумҳури исломии Эрон бо баёни инки имрӯз аз Иттиҳодияи Аврупо интизор меравад, бо сароҳати бештаре якҷонибагароии Амрикоро маҳкум кунад, гуфт: Фаромарзӣ будани тамоюлоти раиси як кишвар дар дунёи имрӯз пазируфтанӣ нест ва ҳамаи кишварҳо барои ҳифзи истиқлол ва ҳуввияти худ бояд дар баробари ин иқдомоти Амрико истодагӣ кунанд.
-
Jul 04, 2018
Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе як шаҳрванди ин кишварро ба иттиҳоми иттилоъ надодан аз шӯриши се соли қабли генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини вақти вазири дифои Тоҷикистон ба ҳашт солу чаҳор моҳ зиндон маҳкум кард.
-
Jul 04, 2018
Додгоҳи шаҳри Норак дар вилояти Хатлони Тоҷикистон як рӯҳонии 40 соларо ба иттиҳоми таълиму тадриси бидуни иҷозатномаи расмии илмҳои исломӣ ба пардохти 350 сомонӣ ҷаримаи молӣ маҳкум кард.
-
Jul 03, 2018
Сухангӯи масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо бар тааҳҳуди Брюссел ба иҷрои комилу муассири Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак таъкид кард.
-
Jul 02, 2018
Чин ба атбои худ барои сафар ба Амрико ба далели ноамн будани манотиқи мухталифи ин кишвар ва тирандозиҳои маргбор ҳушдор дод.
-
Jul 01, 2018
Иморот имрӯз дар тавҷеҳи нокомии эътилофи Саудӣ барои тасарруфи бандари Алҳудайда эълом кард, ки амалиёти низомии худ алайҳи Алҳудайдаро ба таври муваққат мутаваққиф мекунад.
-
Jul 01, 2018
Русия бо иҷрои тарҳи мубориза бо фасоди молӣ то соли 2020 бо буҳрони фасод ва ришва дар ин кишвар мубориза мекунад.
-
Jul 01, 2018
Фармони шоҳи саъудӣ бар асоси мувофиқат бо ронандагии занон дар Арабистон шодии бисёреро дар миёни занони ин кишвар бавуҷуд овардааст. Занони арабистонӣ ва баҳрайнии сокини ин кишвар, хурсанд барои бори аввал баъд аз даҳҳо сол пушти фармони мошин нишастанд.
-
Jun 30, 2018
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзи шашуми сафари кории худ ба вилояти Суғд, бо масъулон ва фаолони ин вилояти мулоқот кард.
-
Jun 30, 2018
Сухангӯи Толибон бо радди тамоси аъзои ин гурӯҳ бо давлати Афғонистон эълом кард, назари ин гурӯҳ дар бораи музокироти сулҳ бо давлати Афғонистон ҳеҷ тағйире накардааст.
-
Jun 28, 2018
Раиси Маркази барномаҳои байналмилалии вазорати омӯзиши Қазоқистон гуфт, ин кишвар дар оянда ба маркази омӯзишии Осиёи Марказӣ табдил мешавад.
-
Jun 28, 2018
Амрико аз 14 узви Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид хост, таҳримҳоеро алайҳи Эрон эъмол кунанд.