Рӯҳонӣ: Барҷом як тавофуқи бисёр муҳим барои Эрон, Иттиҳодияи Аврупо ва ҷаҳон аст
(last modified 2018-07-04T14:56:36+00:00 )
Июл 04, 2018 19:56 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Барҷом як тавофуқи бисёр муҳим барои Эрон, Иттиҳодияи Аврупо ва ҷаҳон аст

Раисҷумҳури исломии Эрон дар нишасти хабарии муштарак бо Александр Ван дер Беллен, раисҷумҳури Австрия дар Вена, БАРҶОМ-ро як тавофуқи бисёр муҳим барои Эрон, Иттиҳодияи Аврупо ва ҷаҳон баршумурд ва гуфт: Иқдоми Амрико дар хуруҷ аз БАРҶОМ хилофи қонун, мусавваботи Шӯрои амният ва тааҳҳудоти чандҷониба аст ва ба зарари Амрико ва дигарон хоҳад буд.

Ҳасани Рӯҳонӣ бо таъкиди инки Эрон дар сурате, ки битавонад аз манофеи БАРҶОМ ба хубӣ истифода кунад, аз он ҳиросат хоҳад кард, афзуд дар сурате, ки аъзои боқимонда дар БАРҶОМ битавонанд манофеи Эронро тазмин кунанд, Эрон БАРҶОМ-и бидуни Амрикоро идома хоҳад дод.

Вай бо баёни инки даврони якҷонибагароӣ ба сар омада ва кишваре наметавонад дар бораи ҷаҳон ва миллатҳои дигар тасмим бигирад, тасреҳ кард: Бозгардондани комили сулҳ ва амният ба минтақа ба нафъи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон хоҳад буд.  

Рӯҳонӣ барраси таҳаввулоти ғарби Осиёро аз дигар мавзуоти гуфтугӯ бо мақомҳои австрияӣ баён кард ва гуфт: Дар хусуси иқдомоти Эрон барои мубориза бо терроризм ва кумак ба мардуми Ироқ ва Сурия ва лузуми кумакрасонӣ ба мардуми гуфтугӯ шудааст.

Александр Ван дер Беллен, раисҷумҳури Австрия низ ба равобити деринаи ду кишвар ишора кард ва гуфт: Австрия ва Эрон, саду шастумин соли барқарории равобити сиёсии худро ҷашн мегиранд ва равобити ду кишвар ҳадди ақал ба 500 соли пеш боз мегардад.

 

Барчасп