Ҷустуҷу
-
Jun 18, 2017
Талафоти кӯдакони ношӣ аз ҷанг дар Афғонистон таи 17 соли гузашта, ба болотарин мизони худ расидааст. Ҳамалоти интиҳорӣ, инфиҷори минҳои кошташуда ва бомбҳои амалнакарда, дар канори афзоиши шадиди ҳамалоти НАТО аз муҳимтарин далоили афзоиши қурбониёни ҷанг дар Афғонистон аст.
-
Jun 17, 2017
Аз рӯзи 5 шанбеи гузашта токунун тасарруфи бахше аз Тора Бора дар вилояти Нангарҳор аз сӯи ҷангҷуёни ДИИШ дар расонаҳо матраҳ аст. Ин дар ҳолест, ки бархе мақомот ва коршиносон суқути Тора Бораро аз мавзуоте унвон мекарданд, ки ба тавсеаи ДИИШ кумак мекунад.
-
Jun 15, 2017
Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, дар Кобул гуфт, буҳрони Афғонистон роҳ ҳалли низомӣ надорад ва таъмини сулҳ танҳо аз тариқ гуфтугӯи давлат ва мухолифон имконпазир аст. Амрико ба тозагӣ аз эъзоми нерӯи низомии бештар ба Афғонистон хабар додааст.
-
Jun 15, 2017
Раиси ҷумҳурии Афғонистон дар дидор бо Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ҳаводиси террористии ахир дар Афғонистон, ба хусус дар Кобул сабри мардуми ин кишварро ба поён расондааст.
-
Jun 14, 2017
Вазири дифои Амрико эътироф кард, роҳбурди низомии Вашингтон дар ҷанги Афғонистон шикаст хӯрдааст.
-
Jun 13, 2017
Фармондори ноҳияи Хоҷасабзпӯши вилояти Форёб ҳушдор дод, бо ташдиди даргириҳо эҳтимоли суқути ин ноҳия ба дасти Толибони Афғонистон афзоиш ёфтааст.
-
Jun 12, 2017
Бонки ҷаҳонӣ бо интишори гузорише тоза аз авзои амниятии ҷаҳон, Афғонистонро чаҳорумин кишвари ноамни ҷаҳон муаррифӣ кард ва афзоиши ноамнӣ ва рушди кунди иқтисодиро таҳдиди ҷиддӣ барои ин кишвар донист.
-
Jun 11, 2017
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт: Аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ, ки аз ҷануб ба шимоли Афғонистон интиқол дода шудаанд, маъмурият доранд, ки ба кишварҳои ҳамсоя нуфуз кунанд.
-
Jun 10, 2017
Тоҷикистон содироти барқи худро ба Афғонистон ду баробар кардааст.
-
Jun 09, 2017
Вазири умури хориҷии Эрон дар Остонаи Қазоқистон бо раисҷумҳури ин кишвар ва низ бо раисҷумҳури Афғонистон дидор кард.
-
Jun 08, 2017
Раисиҷумҳури Афғонистон поён ёфтани тазоҳурот ва эътирозот дар шаҳри Кобл- пойтахти ин кишварро хостор шуд.
-
Jun 07, 2017
9 террористи тоҷикистонӣ дар амалиёти нерӯҳои амниятии афғон дар вилояти Қундузи Афғонистон кушта шуданд.
-
Jun 06, 2017
Раисҷумҳури Афғонистон дар нишасти Кобул гуфт, бидуни нишастани Толибон пушти мизи гуфтугӯ расидан ба сулҳ дар ин кишвар имконпазир нахоҳад буд.
-
Jun 06, 2017
Кобул, пойтахти Афғонистон дар остонаи нишасте мавсум ба “Раванди Кобул” имрӯз таътил эълом шудааст ва маъмурони амниятии шаҳри Кобул бо қарор додани контейнерҳо, хиёбонҳои мунтаҳӣ ба маркази шаҳр ва кохи раёсатҷумҳуриро бастаанд.
-
Jun 04, 2017
Сафири Афғонистон дар Эрон бо қадрдонӣ аз ибрози ҳамдардии мақомоту миллати Эрон бо мардуми Афғонистон дар паи ҳамалоти террористии ахир дар Кобул гуфт: Миллати Афғонистон таслими таассуб, ваҳшат ва терроризм нахоҳад шуд.
-
Jun 03, 2017
Ҳамкорамон Ғафурӣ дар гузориши вижа ба вазъияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва роҳкорҳои таваққуфи ҳаводиси мушобеҳи хунини Кобул пардохтааст, ки дар идома мешунавед:
-
Jun 03, 2017
Дар остонаи бистуҳаштумин солгарди реҳлати Имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамоише дар шаҳри Мазори Шариф, маркази устони Балхи Афғонистон баргузор шуд.
-
Jun 03, 2017
Фармондеҳи полиси Кобул эълом кард, полис аз вуқуи инфиҷори террористии ахир дар минтақаи Вазир Акбархони пойтахти Афғонистон иттилоъ доштааст.
-
Jun 02, 2017
Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар паёмҳои ҷудогонае ба раисони маҷолиси миллӣ ва намояндагони Афғонистон иқдоми омилони инфиҷори террористии ахир дар Кобулро маҳкум кард.
-
Май 31, 2017
Мудири Маркази зидди террористии кишварҳои узви ҷомеаи Ҳамсуд дар нишасти масъулони хадамоти амният ва идороти зидди террористӣ дар шаҳри Душанбе таъкид кард, ки ҷангҷуёни гурӯҳҳои ифротӣ дар Афғонистон метавонанд амнияти кишварҳои ҷомеаи Ҳамсудро таҳдид кунанд.