Ҷустуҷу
-
Май 23, 2024
Пайкари ходимур-Ризо, оятуллоҳ Сайид Иброҳим Раисӣ дар Машҳади муқаддас бар дӯши мардуми шаҳидпарвар ба самти ҳарами мутаҳҳари Разавӣ ташйиъ шуд.
-
Май 22, 2024
Муҳаммади Мухбир, сарпарасти раёсати ҷумҳурии Эрон тасреҳ кард: Эрон ва Тоҷикистон зарфиятҳои қобили таваҷҷуҳе ба вежа дар бахши тиҷорӣ ва иқтисодӣ барои тақвияти ҳамкорӣ доранд, ки ба рағми ин талафоти талх ва таъассуфбор бояд аз ин зарфиятҳо дар ростои афзоиши ҳар чӣ бештари равобит баҳра бурд.
-
Май 22, 2024
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори Исмоил Ҳания , раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос ва ҳайати ҳамроҳ бо эшон таъкид карданд: Ваъдаи Илоҳӣ барои маҳви режими саҳюнистӣ муҳаққақ(амалӣ) хоҳад шуд
-
Май 22, 2024
Мардуми мусулмони Танзания бо баргузории маҷлиси сӯгворӣ дар Ройзании фарҳангии Эрон дар пойтахти Танзания, ёду хотираи шаҳидони хидматро бо хондани Қуръони Карим зинда нигаҳ доштанд.
-
Май 22, 2024
Маросими ташйиъ ва иқомаи намоз бар пайкари оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, доктор Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷа, ҳуҷҷатулислом валмуслимин Оли Ҳошим, намояндаи валии фақеҳ дар Озарбойҷони Шарқӣ, доктор Раҳматӣ, устондори Озарбойҷони Шарқӣ ва ҳамроҳони гиромии эшон дар сониҳаи ҳавоӣ, бо ҳузури густардаи мардуми Эрон, мақомоти аршади Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҷамъе аз мақомоти соири кишварҳо, субҳи имрӯз - чаҳоршанбе дар Теҳрон баргузор шуд.
-
Май 22, 2024
Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳадафи ширкат дар маросими видоъ бо пайкари шаҳид Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон ва шуҳадои хидмат, ба Теҳрон сафар кард.
-
Май 22, 2024
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бар пайкари раиси ҷумҳури шаҳид ва ҳамроҳони эшон намоз иқома карданд.
-
Май 21, 2024
Сафир ва намояндаи доими Русия дар Созмони Милали Муттаҳид дар вокуниш ба идомаи ҷиноёти режими наслкуши Исроил дар борикаи Ғазза ки бо ҳимояти ғарб ба вижа Амрико аз октябри гузашта идома дорад, гуфт ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд ба эъмоли фишор бар Амрико ва режими ишғолгари саҳюнистӣ идома диҳад.
-
Май 21, 2024
Ситораи Насли тиллои футсоли занони эронӣ ҷузви 10 бозикуни бартар ҷаҳон шуд.
-
Май 21, 2024
Сарон ва мақомоти беш аз 50 кишвар, ниҳод ва созмони байналмилалӣ ва бархе шахсиятҳои минтақаӣ дар пайи шаҳодати раиси ҷумҳур дар сониҳаи ҳавоӣ, бо ирсоли паёмҳое бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, давлат ва мардуми Эрон ибрози ҳамдардӣ карданд.
-
Май 21, 2024
Мақомоти кишвари ҳамзабон ва қадршиноси Тоҷикистон ба нишони ҳамдардӣ бо миллат ва давлати Ҷ И Эрон дастур ба худдорӣ аз барномаҳои фароғатӣ додаанд.
-
Таҳлил / Интиқоду асабонияти шадиди режими саҳюнистӣ аз тасмими торихии Девони байналмилалии кайфарӣ
Май 22, 2024Эъломи тасмими Девони кайфарии байналмилалӣ барои судӯри ҳукми боздошт алайҳи нахуствазир ва вазири ҷанги режими саҳюнистӣ ба иттиҳоми иртикоби ҷинояти ҷангӣ дар навори Ғазза , вокуниш ва интиқоди шадиди мақомоти режими ишғолгарро ба ҳамроҳ доштааст .
-
Май 21, 2024
Раиси ҷумҳури Русия дар гуфтугӯи телефонӣ бо муовини аввали раиси ҷумҳури Эрон, зимни таслияти дубораи шаҳодати раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳайати ҳамроҳаш дар сониҳаи суқути чарбол, омодагии Русияро барои тақвият ва таҳкими муносиботи дуҷониба бо Эрон эълом кард.
-
Май 20, 2024
Дар пайи шаҳодати оятуллоҳ Раисӣ, раёсати Ҷумҳурии Эрон ва ҳайати ҳамроҳ дар ҳодисаи суқути болгард, бархе кишварҳои ҷаҳон азои умуми эълом карданд.
-
Май 20, 2024
Пас аз эъломи хабари шаҳодати Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ва Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён вазири хориҷа ва ҷамъи аз ҳамроҳони онҳо дар ҳодисаи суқӯти болгард дар рӯзи якшанбеи 19 май ( 30 урдибиҳишт ) , масъалаи нақш ва таъсиргузории ин ду шахсияти таъсигузор бар сиёсати хориҷаи Эрон дар иртибот бо кишварҳои ҳамсоя ва низ дар сатҳи минтақаӣ ва байналмиллалӣ бояд мавриди тавваҷӯҳ қарор гирад .
-
Май 20, 2024
Тими миллии теквандои Эрон барои панҷумин бор мақоми қаҳрамонии мусобиқоти теквандои Осиёро аз они худ кард .
-
Май 20, 2024
Раиси Созмони иттилоърасонии устони Фориёби Афғонистон аз ҷон бохтани даҳҳо нафар бар асари борандагии шадид ва вуқуъи сел дар шимоли ин кишвар хабар дод .
-
Май 20, 2024
Ҳайати давлат дар пайи шаҳодати раисиҷумҳӯр ва ҳамроҳони ишон баёнияи содир кард .
-
Май 20, 2024
Раиси Маҷлиси Эрон аз мардуми хост ки барои саломатии раисиҷумҳӯр ва ҳамроҳони ишон дуо кунанд .
-
Май 20, 2024
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ибрози таассур аз ҳодисаи нигаронкунанда барои раисиҷумҳурии муҳтарам ва ҳамроҳони ишон иброз умедворӣ карданд : Худованди мутаъол раисиҷумҳури муҳтараму муғтанам ва ҳамроҳони ишонро ба оғӯши миллати Эрони баргардонад .