Август 01, 2021 13:21 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон дастури дарёфти қарзи 120 миллиондолларӣ аз Чинро имзо кард

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон созишномаи дарёфти қарзи 120 миллиондолларӣ аз Чинро имзо кард.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Эмомалӣ Раҳмон бо имзои ин созишнома ба вазорати молия дастур додааст, ки заминаи ифтитоҳи сӯратҳисоб ба юани Чинро дар Бонки Миллии Тоҷикистон барои дарёфти ин қарз фароҳам созад.

Мақомоти вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон мегӯянд, ин маблағ барои бозсозии марҳалаи дувуми роҳи иртиботӣ миёни Тоҷикистону Чин дар вилояти Бадахшон ҳазина хоҳад шуд.

Тули ин масир бо сохти ду тунели ҷадид 23 киломтер кутоҳтар мешавад.

Роҳи Душанбе то марзи Чин танҳо масири иртиботии заминӣ байни Тоҷикистон ва Чин мебошад, ки ҳамасола бо истифода аз он ҳазорон тон колои вориди Тоҷикистон мешавад.

Ба далели иртифои беш аз 3 ҳазор метрии ин масир дар куҳҳои вилояти Бадахшони Тоҷикистон дар фасли зимистон муровидот миёни Тоҷикистон ва Чин коҳиш меёбад, ки дар шароити густариши Ковид 19 акнӯн бо мушкилоте низ рӯ ба рӯ шудааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп