Июн 06, 2023 11:01 Asia/Dushanbe
  • Марандӣ : Эрон қабл аз ҳалли тамоми парвандаҳо дар ожонс ҳеҷ тавофуқномаеро имзо нахоҳад кард

Мушовири ҳайати Эрон дар музокироти лағви таҳримҳо бо баёни инки Теҳрон аз пешнависи тавофуқ огоҳ шудааст таъкид кард: Эрон қабл аз ҳалли тамоми парвандаҳо дар Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ҳеҷ тавофуқномаеро имзо нахоҳад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммади Марандӣ-мушовири ҳайати Эрон дар музокироти лағви таҳримҳо дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизиюнии Алмаёдини Лубнон гуфт: Тавофуқи ҳастаӣ омода ва фақат мунтазири имзои аврупоиҳо аст.
Марандӣ афзуд Эрон мулоҳизоти худро дар бораи он барои тарафҳои аврупоӣ ва амрикоӣ фиристода, аммо ҳамчунон мунтазири посух аст .
Мушовири ҳайати Эрон дар музокироти лағви таҳримҳо бо ишора ба инки тавофуқномаи ҳастаӣ бояд ба гӯнае тадвин шавад, ки бархилофи тавофуқи собиқ иҷозаи фиребкориро надиҳад тасреҳ кард ғарбиҳо агар мехоҳанд тавофуқномаро имзо кунанд Эрон низ омодааст, вале ҳаргиз мунтазири онҳо нахоҳад монд.
Марандӣ бо баёни инки Эрон равобити худро бо кишварҳои дигар аз ҷумлаи Русия, Чин ва Ҳинд тақвият хоҳад кард таъкид кард мавзеи Эрон тағйир накардааст ва ҳеҷ тавофуқномаеро қабл аз ҳаллу фасли ҳамаи парвандаҳо дар Ожонси байналмилалии энержии атомӣ имзо нахоҳад кард.
Музокироти рафъи таҳримҳои Эрон чаҳорум августи 2022 дар шаҳри Вена баргузор шуд ва ҳаштум август бо бозгашти ҳайатҳо ба пойтахтҳо поён ёфт .
Музокироти рафъи таҳримҳо пас аз моҳҳо гуфтугуҳои фишурда дар Вена ба марҳилае расидааст ки чунончи Амрико ба унвони тарафи нақзкунандаи Барҷом мутолиботи мантиқии Эрон ва илзомоти шаклгирии як тавофуқи пойдору қобили иттикоро бипазирад, тавофуқи ниҳоӣ ҳосил хоҳад шуд .

Бештар бихонед :

 

Барчасп