Август 01, 2023 16:55 Asia/Dushanbe
  • Вазири нефт: Эрон ҳуқуқ ва манофеъи худ дар майдони гази Орашро пайгири мекунад
    Вазири нефт: Эрон ҳуқуқ ва манофеъи худ дар майдони гази Орашро пайгири мекунад

Вазири нефти Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Эрон баҳрабардори ва кашф аз майдони гази Орашро дар барномаи худ қарор медиҳад ва ҳаргуна тазиъи ҳуқуқи худро барнаметобад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷаводи Увҷи вазири нефти Эрон дар ҳошияи нишасти баррасии тарҳҳои майдонҳои муштараки нефту газ дар бораи майдони гази Ораш гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора аз ҳалуфасли дустонаи масоили марзи ва дарёӣ бо ҳамсоягон пуштибони мекунад.

Вазири нефти Эрон афзуд: Дар бораи баҳрабардори аз майдонҳои муштараки нефту газ ҳамеша роҳи музокира ва тафоҳум бо ҳамсоягонро дар пеш гирифтаем дар бораи майдони Ораш низ Эрон хоҳони баҳрабардории якпорча ва муштарак аст.

Увҷи ҳамчунин гуфт: Чунончи тамоюли ба тафоҳум ва ҳамкори вуҷуд надошта бошад Эрон таъмини ҳуқуқ ва манофе ва баҳрабардори ва кашф аз манобеъи ёдшударо дар барнома қарор медиҳад ва ҳаргуна тазиъи ҳуқуқи худро бар наметобад.

Барчасп