Паёми Раҳбари муаззами инқилоб ба муносибати ҳафтаи Дифои муқаддас ва Рӯзи таҷлил аз шуҳадову эсоргарон
(last modified Fri, 29 Sep 2023 12:38:51 GMT )
Сентябр 29, 2023 17:38 Asia/Dushanbe
  • Оятуллоҳ Хоманаӣ: Паёми шаҳидоно бояд ба дурустӣ бишнавем ва аз он барои ободии дунёву охират баҳра бигирем
    Оятуллоҳ Хоманаӣ: Паёми шаҳидоно бояд ба дурустӣ бишнавем ва аз он барои ободии дунёву охират баҳра бигирем

Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон дар паёме ба муносибати ҳафтаи Дифои муқаддас ва Рӯзи таҷлил аз шуҳадову эсоргарон таъкид карданд, бояд паёми шаҳидонро ба дурустӣ бишнавем ва аз он барои ободии дунёву охират баҳра гирем.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, дар паёми ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон ба муносибати ҳафтаи Дифои муқаддас ва Рӯзи таҷлил аз шуҳадову эсоргарон рӯзи панҷшанбе, ки тавассути ҳуҷҷатулислом Рамазоналии Мусавимуқаддам, намояндаи валии фақеҳ дар бунёди шаҳид ва умури эсоргарон дар гулзори шуҳадои Биҳишти Заҳрои Теҳрон қироат шуд, омадааст: Шаҳидон ситорагони роҳнамоянд, улгӯҳои безавол барои ҳамаи мову наслҳои пас аз моянд, рафтори онон дарс аст, ангезаҳои онон ҳикмат аст.

Дар идомаи паёми Раҳбари муаззами инқилоб таъкид шудааст, паёми онон (шаҳидон)-ро бояд ба дурустӣ бишнавем ва аз он барои ободии дунёву охират дар ҳамаи давраҳову наслҳо баҳра бигирем.

Артиши мутаҷовизи режими Саддом (диктатори маъдуми Ироқ) 31 шаҳривари соли 1359 (сентябри 1980) бо ин тасаввур, ки дар муддати як ҳафта Теҳронро фатҳ хоҳад кард, таҳоҷуми густардаеро бо бакоргирии анвои ҷангафзорҳо ба Эрон оғоз кард.

31 шаҳривар дар тақвими муносибатҳои Эрон оғози ҳафтаи Дифои муқаддас аст.

 

Барчасп