Январ 21, 2024 11:14 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷаи Эрон: Фаъолияти мусташорони низомии Эрон барои мубориза бо тероризм бо қудрат идома меёбад
    Вазири умури хориҷаи Эрон: Фаъолияти мусташорони низомии Эрон барои мубориза бо тероризм бо қудрат идома меёбад

Вазири умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба шаҳодати панҷ мусташори эрони дар Сурия аз суи режими саҳюнистӣ гуфт: Шикасти саҳюнистҳо дар муқобили иродаи мардуми Ғазза бо ин иқдомоти террористӣ қобил ҷуброн нахоҳад буд.

Дар пайи ҳамлаи субҳи рузи гузаштаи ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ба Димишқ панҷ нафар аз мусташорони низомии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва мудофеъони ҳарам ба шаҳодат расиданд ва теъдоди маҷруҳ шуданд.

Ҳусейн Аамирабдуллоҳён вазири умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба иқдоми режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба Сурия ва шаҳодати мусташорони низомии Эрон дар шабакаи иҷтимоӣ "экс" бо таъкид бар азми Ҷумҳурии Исломии Эрон бар мубориза бо тероризм ва таъмини амнияти минтақа навишт: Фаъолияти мусташорони низомии Эрон дар мубориза бо тероризм ва таъмини амнияти минтақа бо қудрат идома хоҳад ёфт.

Аамирабдуллоҳён бо ишора ба иқдомоти танишзои саҳюнистҳо дар минтақа ва ҳамчунин шикастҳои майдони аз муқовимати Фаластин таъкид кард: Режими саҳюнистӣ ҳамдасти аслии ҷараёнҳои террористӣ ва душмани дараҷаи як амният минтақа аст бетардид шикасти саҳюнистҳо дар муқобили иродаи мардуми Фаластин бо иқдомоти буздилонаи террористӣ қобил ҷуброн нахоҳад буд .

Сайиди Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар бора иқдоми террористии саҳюнистҳо дар ҳамла ба минтақаи Зайнабияи Димишқ ва шаҳодати мусташорон эронӣ гуфт: Бешак идомаи ин гуна иқдомоти террористӣ ва ҷинояткорона ки ҳоки аз шикаст ва нокомии рузафзуни режими номашруъи саҳюнистӣ дар расидан ба аҳдофи палиди худ умқи истисол ва дармондагӣ дар муқобили размандагони ҷабҳаи муқовимат аст аз суи Ҷумҳурии Исломии Эрон бепосух нахоҳад монад.

Бо шикасти режими саҳюнистӣ дар дастёбӣ ба аҳдофи низомӣ дар борикаи Ғазза ин режим ба тактики террори фармондиҳони муқовимат руй оварда аст.

Дар ҳафтаҳои ахир режими саҳюнистӣ бо ҳимоят ва ҳамроҳии Амрико чанд амалиёти террористи зиди фармондиҳони меҳвари муқовимат анҷом дода ва Сайид Разии Мусавӣ аз фармондиҳони эронӣ дар Сурия Висом Алтавил масъули идораи амалиёти Ҳизбуллоҳи Лубнон Солеҳ Алъорурӣ  муовини раиси дафтари сиёсии ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин аз ҷумлаи фармондиҳон муқовимат буданд, ки дар ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба шаҳодат расиданд.

 

Бештар бихонед :

Барчасп