Феврал 17, 2024 13:10 Asia/Dushanbe
  • Барномаҳои фарҳангӣ миёни Эрон ва Арабистон идома дорад/ шаби мусиқии эронӣ дар Риёз

Сафири Эрон бо баёни инки фарҳанг ва ҳунар сарчашмаи қалбӣ дорад ва бар дил менишинад, ибрози умедворӣ кард, ки барномаҳои фарҳангии гуногун байни Эрон ва Арабистон баргузор шавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, баргузории ҳафтаҳои фарҳангӣ, шабҳои мусиқӣ, филм ва китоб аз рӯйдодҳои фарҳангии марсуми кишварҳо аст, ки ба муносибатҳои мухталифи миллӣ аз сӯи сафоратхонаҳо ё ройзанони фарҳангӣ дар кишвари мизбон баргузор мешаванд. Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тӯли чаҳор даҳаи гузашта ба вежа дар айёми даҳаи Фаҷр ё ҷашнҳои миллӣ ва исломӣ вежабрномаҳои фарҳангӣ, ҳунарӣ, оинӣ ва мазҳабӣ баргузор карда, ки ҳамвора мавриди таваҷҷуҳи мақомоти расмӣ ва шаҳрвандони кишварҳои мизбон, дипломатҳои дигар кишварҳо дар кишвари мизбон ва албатта эрониёни муқими хориҷ аз кишвар қарор гирифтааст.

Дар ҳамин чорчуб гурӯҳи мусиқии «Сурӯши Мавлоно» , ки бо ҳамоҳангии сафорати Эрон дар Риёз ба Арабистон сафар кардааст, дар айёми пирӯзии Инқилоби исломӣ ва аъёди шаъбония, дар шаҳри Риёз ба иҷрои барномаҳо аз мусиқи суннатӣ ва асили эронӣ пардохт.

 Алиризо Иноятӣ-сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Риёз дар ибтидои ин барнома, ки сафирон, мақомоти маҳаллӣ, шаҳрвандони хориҷии муқими Арабистон ва теъдоде аз эрониёни муқим ҳузур доштанд, дар суханони кӯтоҳе бо ташаккур аз Вазорати хориҷаи Саудӣ барои ҳамоҳангии баргузории «шаби мусиқии эронӣ», ба фарҳанги ғании Эрон ишора кард

 Шаби мусиқии эронӣ мавриди истиқболи ҳозирон қарор гирифт; ба тавре, ки ташвиқи навозндагон дақоиқе ба тӯл анҷомид.

 

Барчасп