Март 01, 2024 11:54 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб орои худро ба сандуқ андохтанд; чашми дунё ба интихоботи Эрон аст

Порстудей - Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон субҳи имрӯз – ҷумъа, дар аввалин дақоиқи оғози раъйгирии дувоздаҳумин давраи интихоботи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ва шашумин давраи Маҷлиси хибрагони раҳбарӣ, бо ҳузур дар маҳалли сандуқи сайёри 110 дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ), орои худро ба сандуқ андохтанд.

Ин маросим, ки бо ҳузури беш аз яксад тан аз хабарнигорони расонаҳои дохиливу байналмилалӣ баргузор шуд, ба сурати зинда аз аз расонаҳои дохиливу хориҷӣ пахш шуд.

Раҳбари инқилоб орои худро ба сандуқ андохтанд.

Раҳбари инқилоб орои худро ба сандуқ андохтанд
Раҳбари инқилоби Эрон
Раҳбари инқилоби Эрон

 

Дувоздаҳумин давраи интихоботи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон барои таъйини 290 намоянда ва шашумин давраи интихоботи Маҷлиси хибрагони раҳбарӣ барои интихоби намояндагони 88 курсӣ аз соати 8 субҳи имрӯз дар як ҳазору 218 ҳавзаи интихобияи асливу фаръӣ ва ҳудуди 59 ҳазор шуъбаи раъйгирӣ дар 31 устон оғоз шуд.

Дар маҷмуъ ҳудуди 15 ҳазор нафар барои рақобат дар дувоздаҳумин давраи интихоботи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ва 144 нафар низ барои рақобат дар Маҷлиси хибрагони раҳбарӣ таъйиди салоҳият шудаанд.

 

Бар асоси омори Ситоди интихоботи Эрон, дар маҷмуъ 61 миллиону 172 ҳазору 298 нафар дар Эрон воҷиди шароити раъй додан ҳастанд, ки аз ин теъдоди 30 миллион 945 ҳазору 133 нафарро мардон ва 30 миллиону 227 ҳазору 165 нафарро занон ташкил медиҳанд.

 

Барчасп