Март 03, 2024 09:59 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Қатъи равобити иқтисодӣ бо режими саҳюнистӣ роҳкории амали барои таваққуфи ҷиноятгарии ин режимаст
    Раисӣ: Қатъи равобити иқтисодӣ бо режими саҳюнистӣ роҳкории амали барои таваққуфи ҷиноятгарии ин режимаст

Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидор бо Абдулатиф Рашид раиси Ҷумҳурит Ироқ қатъи равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо режими саҳюнистиро роҳкории амалӣ барои таваққуфи ҷиноятгарии саҳюнистҳо донист.

Ба гузориши ИРНА, Сайид Иброҳими Раисӣ дар идомаи дидорҳои дуҷониба бо сарони кишварҳои ширкаткунанда дар ҳафтумин иҷлоси маҷмаъи сарони кишварҳои содиркунандаи газ дар Алҷазоир рузи шанбе бо Абдулатиф Рашид раиси Ҷумҳурии Ироқи дидоругуфту кард.

Вай дар ин дидор бо интиқод аз бе амалии бархе кишварҳои арабӣ ва исломӣ нисбат ба вазоифи худ дар қиболи масаълаи Фаластин, қатъи равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо режими саҳюнистиро роҳкории амалӣ барои таваққуфи ҷиноятгарии саҳюнистҳо донист ва бар лузуми тақвияти ҳамкориҳо ҷиҳати эҷоди боздорандагӣ дар муқобили режими саҳюнистӣ таъкид кард.

Раиси Ҷумҳурии Ироқ низ дар ин дидор бо баёни ин ки равобити Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ироқ фаротар аз ҳамсоягӣ дар марзҳои ҷуғрофиёӣ аст ва реша дар умқи боварҳои динӣ ва фарҳангии ду миллат дорад, гуфт: Ба мавозиъи шуҷоъонаи давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қиболи мавзуи Фаластин ва Ғазза ифтихор мекунем ва муътақидем то замоне, ки режими ҷинояткор ва мутаҷовиз ҳамчун режими саҳюнистӣ дар минтақа ҳузур дошта бошад ин минтақаи субот амниятӣ нахоҳад дошт.

Барчасп