Раисиҷумҳури мунтахаби мардуми Эрон: Роҳи имом Ҳусайн (а) роҳи ҳаққу адолат буд
Июл 16, 2024 16:19 Asia/Dushanbe
Раисиҷумҳури мунтахаби мардуми Эрон гуфт, роҳи имом Ҳусайн (а) роҳи ҳаққу адолат буд.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури мунтахаби мардуми Эрон шомгоҳи душанбе ва дар шаби шаҳодати Абоабдиллоҳил-Ҳусайн (а) дар ҳарами мутаҳҳари имом Хумайнӣ (раҳ), бо баёни ин ки имом Ҳусайн (а) барои ҳаққу адолат омад, афзуд: Бояд ҳақ байни ҷавомеи милалу қавмиятҳо иқома шавад.
Раисиҷумҳури мунтахаби мардуми Эрон бо таъкид бар ин ки мудирону масъулон бояд ба ҳаққу адолат рафтор кунанд, афзуд: Посту мақом барои ин аст, ки масъулон хидматгузори мардум бошанд.
Барчасп