Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Мардум бо ҳузури густурда дар интихобот қудрати Эронро нишон хоҳанд дод
(last modified Fri, 21 Apr 2017 12:32:16 GMT )
Апрел 21, 2017 17:32 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Мардум бо ҳузури густурда дар интихобот қудрати Эронро нишон хоҳанд дод

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон тасреҳ кард, мардуми Эрон бо ҳузури густурдаи худ дар интихоботи пешорӯ қудрати Ҷумҳурии Исломии Эронро нишон хоҳанд дод.

Оятуллоҳ Муҳаммад Алӣ Муваҳҳиди Кирмонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон бо таъкид бар ин ки мардум бояд ба ҳассосияти масъалаи интихобот таваҷҷуҳ дошта бошанд, хотирнишон кард, мардуми Эрон бо ҳузури пуршӯри худ дар интихобот нишон хоҳанд дод, низоми исломии Эрон пуштвонаи мардумии мустаҳкаме дорад. Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба ин ки мардум бояд нуқоти мусбату манфии номзадҳоро дар назар дошта бошанд, гуфт, номзадҳои салоҳиятдоршуда ваъдаҳои ғайри қобили амал надиҳанд.  Оятуллоҳ Муваҳҳиди Кирмонӣ наҳросидан аз душманон, бавижа Амрикоро лозимаи шахсияти раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дониста тасреҳ кард, раисҷумҳури Эрон бояд муқтадир дар баробари дасисаҳои душманони Эрони исломӣ истад. Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба фитнаи соли 88 (2009), пас аз интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон таъкид кард, тамкин накардан дар баробари раъйи Шӯрои нигаҳбон душманӣ бо Ислом аст.

Оятуллоҳ Муваҳҳиди Кирмонӣ ҳамчунин бо ишора ба ҳамлаи ахири Амрико ба пойгоҳи ҳавоии “Шаирот”-и вилояти Ҳимси Сурия хотирнишон кард, таҳоҷуми Амрико ба Сурия фаромӯшнашуданӣ аст. Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба ин ки хабосату ҷиноёти Амрикиҳо ҳар рӯз бештар мешавад, тасреҳ кард: Амрико ҳамвора талош мекунад, бо тазъифи кишварҳо онҳоро ба нобудӣ бикшонад. Оятуллоҳ Муваҳҳиди Кирмонӣ бо таъкид бар ин ки бояд бо тақвияти қудрати дифоӣ муқобили таҳдидоти Амрико истод, хотирнишон кард, нерӯҳои мусаллаҳ Ҷумҳурии Исломии Эрон бо иқтидор муқобили таҳдидҳои душманон истодаанд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо ишора ба тавофуқи Созмони ҳаҷ ва зиёрати Эрон бо Арабистон барои эъзоми ҳоҷиҳои эронӣ ба маросими ҳаҷ гуфт, набояд ба ваъдаҳои режими Саудӣ дар барқарории амнияти ҳоҷиҳои эронӣ хушбин буд. Оятуллоҳ Муҳаммад Алӣ Муваҳҳиди Кирмонӣ бо таъкид бар ин ки ҳанӯз ҷароҳатҳои фоҷиаи Мино шифо наёфтааст, тасреҳ кард, дар сурати набудани амният ҳаҷ воҷиб нест.

 

Барчасп