Раҳбари инқилоби исломӣ: Ҳузур дар интихобот, шарри душманро аз сари Эрон кам хоҳад кард
(last modified Sun, 30 Apr 2017 11:11:02 GMT )
Апрел 30, 2017 16:11 Asia/Dushanbe

Раҳбари инқилоби исломӣ таъкид карданд, ҳузури ҳамаи қишрҳои миллат дар интихобот, шарри душманро аз сари Эрон кам хоҳад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи якшанбе дар остонаи Рӯзи ҷаҳонии коргар ва дар дидори ҳазорон нафар аз коргарон ва корофаринони Эрон гуфтанд: Ҳузури миллати Эрон дар интихобот дар мавзуи амнияти миллӣ таъинкунанда аст ва агар мардум пои сандуқҳои раъй биёянд, Эрон дар амният боқӣ хоҳад монд .

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: “Ҳаргиз намегӯем, ба чи касе раъй бидиҳед ё надиҳед, аммо исрор дорам, ки пои сандуқи раъй ҳозир бошед ва ба ҳар касе, ки ташхис медиҳед, раъй диҳед”.

Эшон гуфтанд: Тарс аз ҳузури миллат дар саҳна, иллати аслии худдории душманони вақеҳ аз ҳар амалу иқдоми сахт муқобили Эрон аст, чун душманон аз ҳузури мардуми Эрон дар саҳна, ба маънои воқеии калима ме‌тарсанд .

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин бо ишора ба нақшофаринии сиёсӣ ва иҷтимоии коргарон дар кишварҳои мухталиф ва талоши душманон барои рӯ дар рӯ қарор додани ҷомеаи коргарии Эрон бо ҷумҳурии исломӣ аз ҳамон рӯзҳои аввали инқилоб таъкид карданд: Бо вуҷуди ин талошҳо, коргарон ҳамеша ҷониби низомро гирифтанд ва аз он ҳимоят карданд ва дар воқеъ ҷомеаи мутадайин ва фаъоли коргарӣ дар тӯли ин солҳо ба душманони кишвар силӣ задааст .

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо таҷлил аз пайвандҳои амиқ ва ҳамроҳии мардум бо низом дар ҳамаи душвориҳои чиҳил соли гузашта гуфтанд: Пешрафт, иқтидор, обру, иззат ва нуфузи имрӯзи ҷумҳурии исломӣ дар минтақа мадюни ҳамроҳӣ ва ҳамдилии миллат бо низом аст .

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ба шаш номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ҳам тавсия карданд, ки нияташонро Худоӣ карда ва барои хидмат ба мардум ба вижа табақоти заиф вориди майдон шаванд ва ба сароҳат аз қишрҳои заиф ҳимоят кунанд .

 

Барчасп