Раҳбари инқилоби исломӣ: Ҳузур дар интихобот муҷиби убуҳҳати Эрон дар чашми душманон аст
(last modified Sun, 07 May 2017 11:22:49 GMT )
Май 07, 2017 16:22 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоби исломӣ: Ҳузур дар интихобот муҷиби убуҳҳати Эрон дар чашми душманон аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳузури азими мардумро дар арсаҳои мухталиф ба вижа дар интихобот, ҳофизи манофеи миллати Эрон ва муҷиби убуҳҳати низоми исломӣ дар чашми душманон донистанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, рӯзи якшанбе дар дидори ҳазорон нафар аз муаллимони Эрон, интихоботро мавзуе ҳаётӣ ва баромада аз андешаи мардумсолории динӣ дар низоми ҷумҳурии исломӣ донистанд ва таъкид карданд: Ҳузури ҳамаи мардум бо салиқаҳои мухталифи сиёсӣ дар интихоботи 19 майи 2017, зомини ҳифзи иқтидор, убуҳҳату масунияти Эрон аст ва бо чунин ҳузуре, душман ҳаргиз нахоҳад тавонист иқдоме дар муқобили миллати Эрон анҷом диҳад .

Эшон афзуданд: “Интихобот дар низоми ҷумҳурии исломӣ, баромада аз ислом аст ва ингуна нест, ки “ҷумҳурӣ” ба “ислом” часпонда шуда бошад. Агар интихобот набуд, имрӯз асаре аз ҷумҳурии исломии Эрон боқӣ наме‌монд”.

Раҳбари инқилоби исломӣ таъкид карданд: Танҳо монеъ дар муқобили изҳори душмании душман, ҳузури мардум дар саҳна аст, зеро убуҳҳати як кишвари 80 миллионӣ бо нерӯи инсонии қавӣ ва боҳуш ва дорои миллионҳо ҷавон, дар дили душман тарс эҷод мекунад .

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин омӯзишу парваришро зерсохти аслии илму таҳқиқ дар Эрон донистанду гуфтанд: Агар омӯзиш ва парвариш бар асоси барномаҳо ва сиёсатҳои саҳеҳ ҳаракат кунад, Эрон аз лиҳози илму таҳқиқ ғанӣ хоҳад шуд .

 

Барчасп