Руҳонӣ: Барқарори тиҷорати озод миёни Теҳрон-Боку; гоме дар масири тавсеъаи равобити иқтисодӣ
(last modified Thu, 29 Mar 2018 08:22:52 GMT )
Март 29, 2018 13:22 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: Барқарори тиҷорати озод миёни Теҳрон-Боку; гоме дар масири тавсеъаи равобити иқтисодӣ

Раисони ҷумҳурии Эрон ва Озарбойҷон бо истиқбол аз раванди шитобони тавсеъаи равобити Теҳрон-Боку таъкид карданд: Мусаммам ҳастанд ин равобитро беш аз пеш дар ҳамаи ҳавзаҳои мавриди алоқа густариш диҳанд.

Ҳасани Руҳонӣ-раиси Ҷумҳурии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти муштараки ҳайъатҳои баландмартабаи Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Боку, бо ибрози хурсандӣ аз тавсеъаи ҳамкориҳои муштарак миёни Теҳрон-Боку изҳор кард: Масири транзити шимол-ҷануб дар қолиби иҷрои тарҳи роҳи оҳани Рашт-Астара ба маънои масири роҳаттар, арзонтар ва кутоҳтар барои Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, кишварҳои минтақа ва ҳатто барои Осиё, Аврупо ва Африқо хоҳад буд ва ин нишон медиҳад, ки ҳамкориҳои ду кишвар ба нафъи мардуми минтақа ва ҷаҳон аст.

Руҳонӣ афзуд: Барқарории тиҷорати озод миёни Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон низ гоме дар масири таҳарруки боло дар равобити иқтисодии ду кишвар хоҳад буд.

Вай ҳамчунин тақвияти ҳамкориҳои бонкӣ миёни Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷонро зарурӣ хонд ва бо эъломи омодагӣ барои бакоргирии пули миллӣ дар мубодилоти муштарак афзуд: Тасҳил(осоншавӣ)и равобити бонкӣ, калиди тавсеаи ҳамаҷонибаи равобит аст.

Раиси Ҷумҳурии Эрон ба иштироки назари ду кишвар пайромуни масоили минтақаӣ ва байналмиллалӣ ишора кард ва афзуд: Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон метавонанд дар масири сулҳу амнияти бештари минтақа ва ҷаҳон ҳамкориҳои худро тақвият кунанд.

Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури Озарбойҷон низ гуфт: Фаолиятҳои муштараки Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар тарҳҳое ҳамонанди энержӣ дар баҳри Хазар ва роҳи оҳани Рашт-Астара равобити ду кишварро, ки бар асоси эътимод ва эҳтироми мутақобил шакл гирифта мустаҳкамтар кардааст.

Раиси ҷумҳури Озарбойҷон ҳамчунин бо ҳимоят аз сиёсати Эрон барои таъмини сулҳу амнияти минтақа гуфт: Мутаъсифона мудохилаҳои хориҷӣ мавҷиби афзоиши ҷангу куштор дар минтақа шудааст ва ҳеч неруи хориҷие набояд дар умури дохилии минтақа мудохила кунад.

 

Барчасп