Оғоз ба кори ҳамоиши байналмиллалии "Ояндаи ҷаҳони ислом дар уфуқи 1414" дар Теҳрон
(last modified Sun, 28 Apr 2019 05:54:07 GMT )
Апрел 28, 2019 10:54 Asia/Dushanbe
  • Оғоз ба кори ҳамоиши байналмиллалии

Ҳамоиши байналмиллалии "Ояндаи ҷаҳони ислом дар уфуқи 1414" имрӯзи якшанбе бо суханронии Алии Лориҷонӣ раиси маҷлиси Шурои исломии Эрон дар донишгоҳи Теҳрон оғоз ба кор кард.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, ин ҳамоиш бо мушорикати муъассисаи оянда пажуҳии Ҷаҳони ислом ва донишгоҳи Теҳрон ба муддати ду рӯз бо ҳузури ҷамъе аз вазирон, масъулони кишварӣ ва лашкарӣ, устодони донишгоҳ ва андешмандоне аз кишваҳои Туркия, Ироқ, Миср, Тунис, Лубнон, Алҷазоир, Фаронса, Финляндия,  Австрия, Австралия ва сафирони бархе аз кишварҳои исломии мустақар дар Теҳрон ҳузур доранд.

Баргузории 20 нишасти тахассусӣ дар мавзӯъоти ояндаи сиёсат ва амният дар ҷаҳони ислом, ояндаи иқтисод дар ҷаҳони ислом, ояндаи тамаддун, фарҳанг ва арзишҳо дар ҷаҳони ислом, ояндаи илму фанноварӣ дар ҷаҳони ислом ва ояндаи муҳити зист дар ҷаҳони ислом аз барномаҳои ин руйдоди байналмиллалӣ аст.

 

Барчасп