Ҳушдори пажӯҳишгари амрикоӣ ба иқдоми эҳтимолии Амрико ва Бритониё барои эъзоми киштии ҷангӣ ба Халиҷи Форс
(last modified Thu, 11 Jul 2019 11:22:53 GMT )
Июл 11, 2019 16:22 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори пажӯҳишгари амрикоӣ ба иқдоми эҳтимолии Амрико ва Бритониё барои эъзоми киштии ҷангӣ ба Халиҷи Форс

Пажӯҳишгари амрикоӣ ҳушдор дод, иқдоми эҳтимолии Амрико ва Бритониё барои эъзоми киштии ҷангӣ ба Халиҷи Форс мӯҷиби афзоиши мушкилоти минтақа мешавад.

Брюс Беннетт, пажӯҳишгари аршади Андешкадаи амниятӣ-дифоии Амрико (RAND) рӯзт панҷшанбе дар гуфтугӯ бо шабакат хабартт “СНН” гуфт, агари чунон чӣ Амрика ва Бритониё, ки бештарин киштиҳои дар ҳоли тараддуди минтақаи Халиҷи Форсро доранд, тасмим ба эъзоми киштии ҷангӣ бигиранд, минтақа бо мушкилоти бештаре мувоҷеҳ мешавад.

Тайи моҳҳои ахир эъзоми нерӯҳои низомии амрикоӣ ва ташдиди таҳримҳои нафтӣ алайҳи Эрон, ба боло гирифтани таниш дар минтақа мунҷар шудааст.

Бомдод панҷшанбе 20 июн низ паҳподи ҷосусии Амрико “Global Hawk” пас аз таҷовуз ба ҳарими сарзаминии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар минтақаи Кӯҳи Мубораки Ҳурмузгон ҳадафи падофанди нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ қарор гирифт ва сарнагун шуд.

 

 

Барчасп