Октябр 07, 2019 09:37 Asia/Dushanbe
  • Оятуллоҳ Хоманаӣ: Эрон ва Ироқ бо имон ба Аллоҳ ва муҳаббати имом Ҳусайн (а) муттасил ба якдигаранд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ якшанбешаб дар вокуниш ба ҳаводиси ахири Ироқ, бо судури паёме бар иттиҳоди ду миллати Эрон ва Ироқ таъкид карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме дар Твиттер тасреҳ карданд: “Эрон ва Ироқ ду миллате ҳастанд, ки танҳо ва дилҳову ҷонҳояшон ба василаи имон ба Аллоҳ ва муҳаббат ба аҳли байт ва Ҳусайн бин Алӣ муттасил ба якдигаранд ва рӯз ба рӯз ҳам ин иттисол зиёд хоҳад шуд”.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд, душманон саъй бар тафриқа доранд, аммо натавонистаанд ва тавтеаи онон асаре нахоҳад кард.

Бархе аз устонҳои Ироқ, аз ҷумла Бағдод дар рӯзҳои ахир шоҳиди баргузории тазоҳурот дар эътироз ба вазъи номуносиби хадамоти умумӣ, набуди фурсатҳои шуғлӣ ва фасоди идорӣ буданд.

Мавҷи тазоҳурот дар Ироқ рӯзи якшанбе, ҳамзамон бо вокуниши масъулон ва эъломи нахустин бастаи иҷроии хостаҳои тазоҳуркунандагон тавассути Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазири ин кишвар фурӯкаш кард.

Шавоҳид нишон медиҳад, тазоҳурот дар Ироқ худҷӯш набудааст ва бегонагон дар шаклгирии он нақш доштаанд.

Ҳусайн Аласадӣ, яке аз масъулони Ҷунбиши исломии Ироқ рӯзи панҷшанбе таъкид кард, давлати Амрико ба иллати норизоятӣ аз сиёсатҳои Бағдод, дар нооромиҳои ахири Ироқ даст дорад.

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, 79 дарсад аз паёмҳои мунташиршуда дар Твиттер дар бораи тазоҳурот дар Ироқ марбут ба корбарони Арабистони Саудӣ будааст.

 

Барчасп