Рӯҳонӣ: Пинҳон кардани корона таҷовуз ба ҳуқуқи дигарон аст
Раиси ҷумҳури Эрон гуфт: Агар касе бидонад, ки ба корона мубтало шудааст вазифаи шаръӣ ва инсонӣ дорад, ки ба атрофиёнаш иттилоъ диҳад ва худро карантин кунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи шанбе дар ҷаласаи Ситоди миллии муқобила бо вируси корона ҳамчунин гуфт: Аз фардо (якшанбе) хизматрасонӣ дар идораҳои давлатӣ ва нимадавлатӣ ба мурооти протоколҳои беҳдоштӣ машрут аст; агар фарде мехоҳад вориди идорае шавад бояд аз ниқоби тиббӣ истифода кунад ва агар накард, набояд ба ӯ хизматрасонӣ шавад.
Раиси ҷумҳури Эрон таъкид кард: Вуруди кормандон бидуни ниқоби тиббӣ ба идораҳо мамнуъ аст ва агар корманд дар идорае серодам бидуни ниқоби тиббӣ меояд, бояд барои ӯ ғайбат бизананд ва ӯро баргардонанд.
Рӯҳонӣ афзуд: Набояд иҷоза дода шавад, ки дар метро ва автобус мардум бидуни ниқоби тиббӣ ворид шаванд ва вазири умури дохила ва ҳамаи шаҳрдориҳо талоши худро ба кор бигиранд ва ҳар ҷо илзомӣ буд аз неруи интизомӣ ва басиҷ истифода кунанд.
Раиси ҷумҳури Эрон гуфт: Мавзӯи муҳим ва мавриди таъкиди мо аз рӯзи аввал ин буд, ки бояд худамонро бо ин шароит омода кунем яъне аз рӯзи аввал гуфтем, ки ин вирус меҳмони нохондаи кутоҳмуддат нест ва мумкин аст то охири сол ва ҳатто то соли оянда низ идома дошта бошад.
Вай таъкид кард: Мардум бояд то замони тавлиди дору ва ё ваксина барои муқобила бо ин беморӣ, фарзро бар ин қарор диҳанд, ки ҳама мумкин аст олуда бошанд ва лизо бояд дар иртиботи иҷтимоӣ бо ашхос, ниҳояти диққат ва эҳтиёти лозимро ба амал оваранд.
Вай бо ташаккур аз ҳамаи муҳаққиқоне, ки барои ёфтани дору ва ё ваксинаи ин беморӣ талош ва кор мекунанд, ибрози умедворӣ кард, ки ин талошҳо идома ёбад ва ба натиҷаҳои мусбат бирасад.