Июл 21, 2020 11:25 Asia/Dushanbe
  • Аввалин мулоқоти ҳузурии раҳбари инқилоб пас аз 5 моҳ/Алкозимӣ ба дидори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ меравад

Мустафо Алкозимӣ- нахуствазири Ироқ имрӯз дар аввалин сафари хориҷии худ ба Эрон сафар хоҳад кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНА, қатъан бо таваҷҷуҳ ба алоқаҳо ва манофеи муштараки Теҳрон ва Бағдод, ин сафар нақши муҳиме дар афзоиши ҳамоҳангиҳои зарурӣ дар сатҳҳои олӣ ва гирифтани тасмимҳои роҳбурдӣ хоҳад дошт.

Муҳимтарин мавзӯе, ки дар ин сафар бояд ба он ишора кард мулоқоти нахуствазири Ироқ бо раҳбари инқилоби исломӣ аст.

Бо таваҷҷуҳ ба шуйюи корона дар кишвар наздик ба 5 моҳ аст, ки раҳбари инқилоб ба далели риояти протоколҳои беҳдоштӣ ҳеҷгуна мулоқоти дохилӣ ва хориҷӣ ҷуз мавориди комилан зарурӣ надоштаанд.

Ихтисоси вақти дидори ҳузурӣ ба нахуствазири Ироқ танҳо мулоқоти раҳбари инқилоб ба сурати ҳузурӣ дар 5 моҳи гузашта хоҳад буд, ки нишонаи таваҷҷуҳи вижаи ишон ба равобит бо Ироқ ва алоқаи хосси ишон ба мардуми ин кишвар аст.