Мадрасаҳои улуми динии аҳли суннати Эрон иқдоми Аморотро маҳкум карданд
(last modified Mon, 17 Aug 2020 03:20:03 GMT )
Август 17, 2020 08:20 Asia/Dushanbe
  • Мадрасаҳои улуми динии аҳли суннати Эрон иқдоми Аморотро маҳкум карданд

Шӯрои барномарезии мадрасаҳои улуми динии аҳли суннати Эрон, тавофуқи оддисозии равобити Абузабӣ ва Тел-Авивро "иқдоми аҳмақонаи ҳокимони манфӯри Аморот" хонд ва онро маҳкум кард.

 Ба гузориши Садои Хуросон, Шӯрои барномарезии мадрасаҳои улуми динии аҳли суннати Эрон рӯзи якшанбе дар баёнияе таъкид кард: «Иқдоми ғайриинсонии Аморот дар ба расмият шинохтани режеми сохтагӣ ва одамкуши Исроил ва оддисозии равобит бо ин режеми манҳус бо ҳимояти Амрикои ҷинояткор, хиёнати бебадил ба уммати исломӣ ва ормони Қудси шариф аст

 Дар ин баёния ҳамчунин омадааст:Бешак бозигарони ин намоиши шайтонӣ ба ҳадафҳои худ даст нахоҳанд ёфт ва дар ниҳоят ба сарнавишти дигар хоинон дучор хоҳанд шуд.

Шӯрои барномарезии мадрасаҳои улуми динии аҳли суннати Эрон дар баёнияи худ ҳамчунин овардааст: «Ҳокимони манфӯри Аморот бидонанд дӯстии аҳмақона бо ишғолгарони саҳюнист ва ҳомиёни онҳо на танҳо мӯҷиби заиф шудани ҷабҳаи муқовимат ва фаромӯшии ормони муштараки уммати ислом, яъне озодии Қудс нахоҳад шуд, балки нобудии Исроили ғосиб ва сарсупурдагонашон дар минтақаро суръат хоҳад бахшид

 Дар пайи талошҳои Доналд Трамп-раисҷумҳури Амрико панҷшанбеи гузашта Абузабӣ ва Тел-Авив бар сари оддисозии комили робитаҳо ба тавофуқ расиданд.