Тавлиди аввалин бастаи ташхиси ҳамзамони ген ва ҷаҳиши корона бо талоши мутахассиси эронӣ
(last modified Fri, 09 Jul 2021 11:48:51 GMT )
Июл 09, 2021 16:48 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди аввалин бастаи ташхиси ҳамзамони ген ва ҷаҳиши корона бо талоши мутахассиси эронӣ

Тавлиди аввалин бастаи ташхиси ҳамзамони ген ва ҷаҳиши корона бо талоши мутахассиси эронӣ

Ҳамза Чӯбин, хатмкарда аз муҳаққиқони як ширкати донишбунёни эронӣ гуфт, бастаи тарроҳӣ ва сохта шуда, бастаи насли ҷадиди ташхис корона аст. Бастаҳои ташхиси коронаи тавлид шуда дар гузашта қодир ба ташхиси ду ген ё ду ноҳия аз вирус буданд, ки дар намунаи дар назар гирифта шуда вуҷӯди вируси коронаро ташхис медод.

Вай баён кард, аммо бастаи ҷадиди тарроҳӣ шуда се ноҳия аз генум (зистшиносӣ)-и вирус ё сохтори вирусро ташхис медиҳад, бинобар ин ҳассосияти ин баста нисбат ба бастаҳои мавҷӯд бештар аст.

Чубин бо баёни инки ҳассосияти ин баста 2 баробари намунаи мушобеҳи хориҷии он аст, изҳор дошт, ин баста аввалин бастае аст, ки илова бар инки се ген аз вирусро дар намунаи озмоишӣ ташхис медиҳад, қодир ба ташхиси навъи корона (вируси ҷаҳишёфтаи корона) низ ҳаст.

Вай бо ишора ба инки ин бастаи насли ҷадид, қодир ба ташхиси навъи вируси ҷаҳишёфтаи корона аз қабили африқоӣ, ҳиндӣ, англисӣ ё бразилӣ аст, гуфт, ташхиси навъи вирӯс ба лиҳози болинӣ аҳамияти хосе надоранд ва фақат шуюи ин вирӯсҳо бо ҳам фарқ мекунад, аммо истифода аз ин баста дар пешгирӣ ва барномаҳои калонкишварӣ дар кантроли ин беморӣ хеле бакор меояд.

Бештар бихонед:

Барчасп