Раҳбари инқилоби исломӣ пеш аз зуҳри имрӯз навбати дувуми ваксинаи эронии коронаро дарёфт карданд
(last modified Fri, 23 Jul 2021 11:56:16 GMT )
Июл 23, 2021 16:56 Asia/Dushanbe

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, пеш аз зуҳри имрӯз (ҷумъа) якуми мурдод, навбати дувуми ваксинаи эронии коронаро тазриқ карданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, нахустин дозаи ваксинаи эронии “Баракат” -ро чаҳоруми тир 1400 дарёфт карда буданд.

Раҳбари муаззами инқилоб тибқи барномаи ваксинатсия, бояд дар урдибиҳишти 1400 навбати аввали ваксинаи худро дарёфт мекарданд, аммо эшон навбати худро ба далели таъкид бар истифода аз ваксинаи эронӣ то замони ба натиҷа расидани ин ваксина ба таъхир андохтанд.

Фосилаи тазриқи дозаи аввал ва дувуми ваксинаи “Ков Эрон Баракат” бояд байни 21 то 28 рӯз бошад, ки имрӯз (ҷумъа - аввали мурдод) ҳудудан 28 рӯз аз тазриқи нахустин дозаи ваксинаи Баракат ба ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ мегузарад.

 

Барчасп