Август 12, 2021 09:29 Asia/Dushanbe
  • Лаббайки нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба фармони фармондеҳи кулли қуво барои муқобила бо корона

Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон аз иблоғи омодабошу басиҷи имконот ва зарфиятҳои нерӯҳои мусаллаҳу басиҷ барои ороиши дифои ҷадид ва нақшофариниҳои муассиртар дар амри муқобила ва ҳали масаълаи бемории корона хабар дод.

Дар пайи паёми телевизионии рӯзи чаҳоршанбеи ҳазрати оятуллоҳи Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ва фармондеҳи кулли қуво перомуни вазъият ва туғёни бемории корона ва муаррифии он ба унвони масаълаи аввали кишвар ва аҳаммияти вурӯди ҳамаи тавони нерӯҳои мусаллаҳ барои кумак ба мардум дар ин арса сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ гуфт, дар лаббайк ба дастури фармондеҳи муаззами кулли қуво ва дар идомаи ҳузуру нақшофариниҳои нерӯҳои мусаллаҳ барои кумак ба давлату миллат ва зарфиятсозии қудратмандтар ва муассиртар дар саҳнаи муқобила бо корона, ба фармондеҳони артиш, сипоҳ, НОҶО ва соири маҷмуаҳои калони нерӯҳои мусаллаҳ иблоғ шуд, бидуни фавти вақт бо эҷоди омодагиҳои муқтазӣ, барномарезиҳои амалиётиро дастури кор қарор диҳанд.

Сарлашкар Боқирӣ афзуд, мутмаиннан таҳаққуқи тавсияҳо ва мутолиботи раҳбари муаззами инқилоб дар бакоргирии ороиш ва шеваҳои дифои ҷадид ва муҳкам, ниёзманди ислоҳи улгӯҳои рафторӣ ва моделҳои муқобила аст ва дарсадад ҳастем дар таомул бо вазорати беҳдошт ва дармон ва Ситоди миллии мубориза бо корона қотеътарин ва коромадтарин шеваҳо ва иқдомотро коршиносӣ ва амалиётӣ кунем.

Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ҳамчунин бо ишора ба барномарезӣ барои иҷрои даври ҷадиди тарҳи шаҳид Сулаймонӣ ва ташдиди омодагиҳои басиҷ дар амри ваксиносиун, бар тадовуми иқдомоти артиш, сипоҳу басиҷ дар анҷоми кумакҳои муъминона ва кумак ба наҳзати эҳсони умумӣ ба ақшору машоғили осебдида дар айни тавваҷуҳ ба асли иззат, каромат ва обрумандӣ таъкид кард.

Сарлашкар Боқирӣ иртиқои ҳамафзоӣ, ҳамоҳангӣ ва ҳамростоии иқдомоти дастгоҳҳо, ниҳодҳо ва маҷмӯаҳои масъули ин ҳавза дар шароити хатиру хатарноки кунӯниро, амре зарурӣ қаламдод ва тасреҳ кард, бахши бузурге аз тамҳидоту тадобир маътӯф ба риояти комили шеваномаҳо ва дастӯруламалҳои беҳдоштӣ ва муроқибатӣ аст, ки дар ин рӯзҳо умуман мавриди ғафлати ҷиддӣ қарор гирифтааст, лизо зимни даъват аз оҳоди мардуму ҳамватанони азиз барои риояти тавсияҳо, омодаи тасмимоти қотеъ бо ҳамоҳангӣ ва ҳамроҳии дастгоҳҳо ва ниҳодҳо ва ҳамаи авомилу мароҷеъи соҳиби нақшу масъулият дар ин замина ба хусӯс мардум, ҳастем.

 

Бештар бихонед: