Сухангӯи комисюни сиёсати хориҷии Маҷлис: Ҳамаи чиз барои расидан ба тавофуқи хуб омода аст
(last modified 2022-01-17T13:16:29+00:00 )
Январ 17, 2022 18:16 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи комисюни сиёсати хориҷии Маҷлис: Ҳамаи чиз барои расидан ба тавофуқи хуб омода аст

Сухангӯи комисюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шӯрои исломии Эрон гуфт: Шаройт барои расидан ба як тавофуқи хуб миёни Эрон ва гуруҳи 4+1 омода аст.

Маҳмуди Аббосзодаи Мишкинӣ, сухангӯи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар гуфтугӯ бо хабаргузории донишҷуёни Эрон (ИСНА) бо ишора ба идомаи музокироти Вена афзуд: Эрон зери бори тавофуқи бад намеравад ва аломатҳо ҳам нишон медиҳад, ки тарафи муқобил аз ҳадафи таҳмили тавофуқи бад ноумед шуда аст.

  • Абосзодаи Мишкинӣ бо таъкид бар ин ки музокирот ба хубӣ ва бар асоси мутолиботи қонунӣ ва одилонаи Эрон пеш меравад, таъкид кард: Ҷумҳурии Исломӣ Эрон аҳдшиканӣ ва бетаваҷҷуҳӣ ба таъаҳудот надошта аст.

Сухангӯи комисюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шӯрои исломии Эрон афзуд: Шарти Эрон лағви таҳримҳост ва мавзуъи дигарро намепазирад.

Нишастҳои расмӣ ва коргуруҳҳои мухталифи музокиракунандаи аршади ҳастаии Эрон ва тими ҳамроҳ бо намояндагони 4+1 ва ҳамоҳангкунандаи EU аз субҳи имрӯз дар Вена муҷададан оғоз шуд.

  • Бар асоси тавофуқи анҷомшуда дар ҳаштумин давраи музокироти ҳастаӣ, музокиракунандагони аршади Ҷумҳурии Исломии Эрон ва се кишвари аврупоӣ рӯзи ҷумъаи гузашта барои бахре машваратҳо ба пойтахтҳои худ баргаштанд.

Музокироти коршиносӣ дар ин аём ҳам чун гузашта идома дошт ва ҷаласоти коргуруҳи рафъи таҳримҳо ва тартиботи иҷроӣ (коргуруҳи севвум) бо ҳузури коршиносони Эрон ва гуруҳи 4+1 дар ҳутели Кубурги Вена баргузор шуд.

Даври ҳаштуми музокироти рафъи таҳримҳо аз душанбе 27 декабри 2021 оғоз шуд ва гуфтугӯҳо ба эътирофи ҳайатҳои музокиракунанда пешрафтҳое дошта аст.

 

Барчасп