Нишасти маҷозии масъулони пажӯҳишкадаи мутолеоти исломии Донишгоҳи Фирдавсӣ бо Бунёди мутолеоти исломӣ дар Маскав
(last modified Mon, 31 Jan 2022 05:40:56 GMT )
Январ 31, 2022 10:40 Asia/Dushanbe
  • Нишасти маҷозии масъулони пажӯҳишкадаи мутолеоти исломии Донишгоҳи Фирдавсӣ бо Бунёди мутолеоти исломӣ дар Маскав

Роҳҳои тақвияти ҳамкории пажӯҳишкадаи мутолеоти исломии Донишгоҳи Фирдавсӣ бо Бунёди илмии Ибни Сино дар Маскав баррасӣ шуд.

Ба гузориши манобеи Донишгоҳи Фирдавсӣ, бо талоши дафтари иртибототи байналмилали пажӯҳишкадаи мутолеоти исломӣ дар улуми инсонии Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад, нишасти маҷозӣ бо ҳузури раёсату аъзои ҳайати илмии пажӯҳишкада бо масъулони Бунёди мутолеоти исломии Ибни Сино дар Маскав баргузор шуд.

Доктор Ҳусайни Афхамӣ, раиси пажӯҳишкадаи мутолеоти исломӣ дар улуми инсонии Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад дар ин нишасти маҷозӣ бо ишора ба фалсафаву рисолати аслии пажӯҳишкада ба унвони яке аз марокизи Донишгоҳи ҷомеи Фирдавсӣ, ба узвияти ин ниҳоди илмӣ дар Маҷмаи пажӯҳишгоҳҳои улуми инсонӣ - исломӣ ишора карду гуфт: Бо вуҷуди ниҳодҳое бо ин маъмурият дар Теҳрон ва ё Қум, пажӯҳишкадаи мутолеоти исломӣ дар улуми инсонӣ ягона маркази тахассусии шарқи кишвар аст.

Сайид Носири Табоӣ, муовини Бунёди Ибни Сино ва раиси интишороти Садро низ гуфт, Бунёди соли 2007 бо ҳадафи муаррифии маорифи исломӣ ва фарҳангу тамаддуни эронӣ - исломӣ ба шаҳрвандони рус таъсис шуд.

Вай афзуд, интишороти Бунёди Садро то кунун 350 асари илмӣ ба забони русӣ мунташир кардааст.

Доктор Андрей Лукашев, муовини пажӯҳишии бунёд ва муҳаққиқи аршади Институти фалсафаи Академияи улуми Русия ҳам дар ин нишаст бо ишора ба ҷойгоҳ ва аҳамияти вижаи бунёди Ибни Сино барои Русия афзуд: Ҳамакнун ин бунёд ҳидояти чопу нашри кутуби исломӣ дар Русияро дар ихтиёр дорад.

Вай бо муаррифии тарҳҳои пажӯҳишии ҷории бунёд, аз ҷумла Доиратулмаорифи электронии Ислом ба забони русӣ, китоби Ишроқ, таърихи шифоҳии исломшиносӣ дар Русия, аз ҳамкории сеҷонибаи ин бунёд бо китобхонаи бузурги Ленини Русия ва маркази таҳқиқоти компютерии Нур ёд кард.

 

 

Барчасп