Март 03, 2022 12:46 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби Исломӣ, ба муносибати Иди Мабъас бо афв ва тахфифи муҷозоти теъдоде аз маҳкумон мувофиқат карданд
    Раҳбари муаззами инқилоби Исломӣ, ба муносибати Иди Мабъас бо афв ва тахфифи муҷозоти теъдоде аз маҳкумон мувофиқат карданд

Раҳбари муаззами инқилоби Исломӣ, ба муносибати Иди Мабъас бо афв ва тахфифи муҷозоти теъдоде аз маҳкумон мувофиқат карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами Раҳбарӣ ба муносибати Мабъаси ҳазрати Муҳаммади Мустафо  (с) ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муаззами инқилоби Исломӣ бо пешниҳоди афв ё тахфиф ва табдили муҷозоти 741 нафар аз маҳкумони муҳокими умумӣ ва инқилобӣ, Созмони таъризоти ҳукумати ва Созмони қазоии нерӯҳҳои мусаллаҳ мувофиқат карданд.

Ғуломҳусайн Мӯҳсинӣ Эжеӣ  раиси Қувваи қазоия дар номае ба Раҳбари муаззами инқилоби Исломӣ, пешниҳоди афв ё тахфи ва табдили муҷозоти ин маҳкумонро, ки дар идораи кулли афв ва бахшудагии Қувваи қазоия воҷиди шароити лозими ташхис дода шудаанд, ироа кард ,ки ин пешниҳод дар иҷрои банди 11 аз асл 110-ӣ қонуни асосӣ мавриди мувофиқати ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ қарор гирифт.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп