Март 06, 2022 10:15 Asia/Dushanbe
  • Боздиди муовини бурӯнмарзии Садо ва Симо аз дафтари хабарӣ ва расонаии созмон дар шаҳри Арбили Курдистони Ироқ

Муовини бурӯнмарзии Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон аз дафтари хабарӣ ва расонаии ин созмон дар шаҳри Арбил, маркази минтақаи Курдистони Ироқ боздид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз равобити умумии муовинати бурӯнмарзии Садо ва Симо, Аҳмади Наврӯзӣ-  муовини бурӯнмарзии Садо ва Симо дар сафар ба Арбили Ироқ аз наздик дар ҷараёни фаъолиятҳои расонаии маҷмӯъаи дафтари хабарӣ ва расонаии Арбил қарор гирифт ва барои беҳбуди раванди барномасозӣ, афзоиши муҳтаво ва афзоиши кайфияти пахши барнома, тавсияҳое кард.

Муовини бурӯни марзии Садо ва Симо дар бораи аҳдофи ин сафар ва ҳузур дар Арбил гуфт : Аҳдофу маъмуриятҳои дафотири хориҷ аз созмон бар асоси сиёсатгузории расонаи миллӣ ва ҳамчунин бар мабнои мухтасоти торихӣ, тамаддунӣ ва иштирокоти фарҳангии минтақаи ҳадаф ва ҳамчунин таъмиқи гуфтумони Инқилоби исломӣ ва андешаҳои ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ ) устувор аст .
Наврӯзӣ афзуд : Радио ва телевизиони курдӣ, шабакаи ҷаҳонии Саҳар аз қадимитарин ва балки аввалин радио ва телевизион ба забони курдӣ дар минтақаи Курдистон аст, ки ба шиддати мардуми минтақа ба вижа хонаводаҳо бо он унсу улфат гирифтаанд ва алоқамандону мухотабони фаровоне дар минтақа ва ҷаҳон дорад ва ин мазияти бебадили расонаии байналмилалии Ҷумҳурии исломии Эрон аст, ки бояд беш аз пеш тақвият шавад .

Муовини бурӯнмарзии Садо ва Симо, ки бо хабарнигори канали курдии шабакаи Саҳар гуфтугӯ мекард, афзуд : Талош мешавад бар асоси авлавиятбандиҳо ҳатталмақдур таҷҳизоти дафотири хориҷ аз кишвар ба рӯз ва кайфияти пахши радиоии телевизионро, ки ба тартиби қарор гирифтан рӯйи мавҷи FM ва тағйиру табдили формати пахш аз SD ба HD аст, дунбол шавад.

 

Барчасп