Май 07, 2022 08:53 Asia/Dushanbe
  • Роҳёбии тими миллии волейболи соҳилии Эрон ба ҷамъи 8 тими бартари Олимпиадаи ношунавоён

Тими миллии волейболи соҳилии Эрон, бо бартарӣ дар сеюмин дидори худ ба ҷамъи ҳашт тими бартари бозиҳои Олимпиадаи ношунавоён роҳ ёфт.

24-умин давраи бозиҳои Олимпиадаи ношунавоён бо ҳузур беш аз чаҳор ҳазор варзишкор аз 80 кишвар  ба мизбонии Бразилия баргузор мешавад.

Корвони эъзомии ношунавоёни Эрон дар ҳашт риштаи варзишии футбол, ҷудо, каратэ, тирандозӣ, волейболи соҳилӣ, дави майдонӣ, таеквандо, куштии озоду фарангӣ дар ин рақобатҳо ширкат кардааст.

Тими миллии волейболи соҳилии Эрон дар сеюмин мусобиқаи марҳалаи гуруҳии худ дар бозиҳои Олимпиадаи ношунавоён муқобили Ҷопон қарор гирифт ва бо натиҷаи 2 бар сифр муқобили ин тим ба бартарӣ расид.

Миллипушони Эрон, пеш аз ин низ тимҳои Олмону Эстонияро шикаст додаанд.