Ҳамлаи мушакӣ ва паҳподии Сипоҳи посдорон ба мақари гурӯҳакҳои террористӣ дар Курдистони Ироқ
(last modified Mon, 21 Nov 2022 07:46:01 GMT )
Ноябр 21, 2022 12:46 Asia/Dushanbe
  • Ин амалиётро ягонҳои паҳподи ва мушакии нерӯи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, анҷом  додааст
    Ин амалиётро ягонҳои паҳподи ва мушакии нерӯи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, анҷом додааст

Мавозеъи гурӯҳакҳои террористӣ дар Курдистони Ироқ, ҳадафи ҳамалоти мушакӣ ва паҳподии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ қарор гирифт.

Чаҳор фарванди мушакии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, бомдоди имрӯз (душанбе) ба мақари гурӯҳакҳои террористӣ дар  Койсинҷақ иқлими Курдистони Ироқ исобат кардааст.

Ба гузориши Садои Хуросон, ҳамазамон мақари гурӯҳакҳои террористӣ дар манотиқи Зергуиз ва  Понокура дар наздикии Сулаймонияи Ироқ мавриди ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини интиҳории Сипоҳи посдорон қарор гирифт.

Канали Телеграмии Собирин Нюз гузориш дод, ки ҳамзамон бо ин ҳамалоти паҳподи ва мушакӣ, ожири хатар дар консулгарии Амрико дар  Эрбил ба садо даромадааст.

Бархе манобеи маҳалӣ дар Курдистони Ироқ гузориш медиҳад, ки дар натиҷаи ҳамалоти бомдоди имрӯз, то кунун 26 нафар аз террористҳо кушта шудаанд.

Ин амалиётро ягонҳои паҳподи ва мушакии нерӯи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, анҷом  додааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп