Декабр 11, 2022 09:41 Asia/Dushanbe
  • Аҳамияти сомонаҳои русӣ ва тоҷикии муъовинати бурунмарзии Садо ва Симо дар фазои маҷозӣ
    Аҳамияти сомонаҳои русӣ ва тоҷикии муъовинати бурунмарзии Садо ва Симо дар фазои маҷозӣ

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар боздид аз хабаргузории байналмилалии Эрон Пресс бар аҳамияти сомонаҳои русӣ ва тоҷикии муъовинати бурунмарзии Садо ва Симо дар фазои маҷозӣ таъкид кард.

Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон аз хабаргузории байналмилалии Эрон Пресс боздид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадтақии Собирӣ бо ҳузур дар муъовинати бурунмарзии Садо ва Симо зимни боздид аз хабаргузории Эрон Пресс бо бахшҳои мухталифи хабаргузориҳо аз ҷумла таъмин ва пахш, расонаҳои навин, пахши чандрасонаӣ, хадамоти тасвири ва утоқи хабари Эрон Пресс ошно шуд.

Собирӣ дар ин боздид аз сафаҳоти радио, сомонаҳои русӣ ва тоҷикии бурунмарзи низ дидан ва таъкид кард, ки ин ҳавза арсаҳои муҳим барои фаъолиятҳои расонаӣ ба вижа дар фазои маҷозӣ аст.

Муҳаммадтақии Собирӣ аз соли 2018 то кунун сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон аст.

 

Барчасп