Январ 01, 2023 18:33 Asia/Dushanbe
  • \
    \"Расонаҳо дар ихтиёри саҳюнизм ва истикбор аст\"

Дабири кулли Маҷмаи ҷаҳонии аҳли байт (а) гуфт: Ғарб бо як буҳрони фикрии амиқе мувоҷеҳ шуда ва наметавонад посухгӯи пурсишҳои насли башар дар бахшҳои фикриву ахлоқӣ бошад.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимини Ризо Рамазонӣ, дабири кулли Маҷмаи ҷаҳонии аҳли байт (а) рӯзи шанбе дар ойини ифтитоҳи намоишгоҳи дастовардҳои муассисаҳои диниву илмии байналмилалӣ дар Маркази ҳамоишҳои дафтари таблиғоти исломии ҳавзаи илмияи Қум изҳор дошт: Имрӯз беш аз 90 дарсади расонаҳо дар ихтиёри саҳюнизм ва истикбор аст.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Рамазонӣ афзуд, ғарбиҳо намехоҳанд арзишҳои инсониву мактаби аҳли байт ба маънои воқеии калима ба ҷомеаи имрӯзи башарӣ, ки ташнаи он ҳастанд, муаррифӣ шавад. Аз ин ҷиҳат ҷаҳон бо ҷанги таблиғоту ривоятҳову воруна нишон додани ҳақоиқ дар арсаҳои мухталиф рӯ ба рӯ аст.

Дабири кулли Маҷмаи ҷаҳонии аҳли байт (а) ҳамчунин бо баёни ин ки Ғарб бо буҳрони фикрӣ мувоҷеҳ шуда ва наметавонад посухгӯи пурсишҳои насли башарӣ дар бахшҳои фикриву ахлоқӣ бошад, гуфт: Бояд маънавияте, ки мубтанӣ бар масъулиятпазирӣ ва ақлоният аст, ба ҷаҳон ироа кард.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Рамазонӣ бо ишора ба ин ки Маҷмаи ҷаҳонии аҳли байт то кунун тавониста корҳои арзишманду арзандае монанди тавлиди осори пажӯҳишӣ ба 58 забонро анҷом диҳад, гуфт: Хабаргузории вобаста ба маҷмаъ бо 26 забони дунё метавонад ба як хабаргузории камназир ва ҳатто беназир табдил шавад.

 

Барчасп