Январ 08, 2023 18:12 Asia/Dushanbe
  • Сафири Эрон дар Туркия: Интиқоми сардор Сулаймонӣ дар замони муносиб гирифта хоҳад шуд

Сафири Эрон дар Туркия бо ишора ба сеюмин солгарди шаҳодати сардор Сулаймонӣ гуфт, интиқоми шаҳид Сулаймонӣ дар замони муносиб гирифта хоҳад шуд.

Муҳаммади Фарозманд, сафири Эрон дар Туркия дар мусоҳибае бо канали хабарии “Тв5”, бо баёни инки шаҳодати сардор Сулаймонӣ иқдоми террористӣ ба дасти давлати Амрико буд, изҳор кард, сардор Сулаймонӣ дар ҳоле, ки дар хоки як кишвари хориҷӣ меҳмон буд, ба шаҳодат расид ва дар замони муносиб аз давлати Амрико интиқом гирифта хоҳад шуд.

Фарозманд афзуд, кишварҳои ғарбӣ ҳануз дарс нагирифтаанд ва бо Ҷумҳурии исломии Эрон ва кишварҳои минтақа бо забони зӯр ҳарф мезананд.

Вай ҳамчунин бо ишора ба таҳрики расонаҳои форсизабон дар ҷараёни иғтишошоти ахир гуфт, ин як ҷанги таркибӣ алайҳи Эрон буд ва расонаҳо дар садади эҷоди ҳарҷу мараҷ дар кишвар буданд.

Фарозманд тасреҳ кард, расонаҳои ғарбӣ ва соири расонаҳо саъй карданд ин вазъиятро беш аз пеш ташдид карда, аз масоил сӯиистифода кунанд ва дар дохили Эрон ноамнӣ эҷод кунанд.

Сафири Эрон дар Туркия ба равобити Теҳрону Анкара ҳам ишора карду зимни ёдоварии аҳдофи тиҷории бузурги ду кишвар изҳор кард, Эрону Туркия бояд зерсохтҳои худро тақвият кунанд.

Мубодилоти тиҷории Ҷумҳурии исломии Эрону Туркия, дар солҳои ахир афзоиши чашмгире доштааст.

Эрону Туркия, барои афзоиши мубодилоти солиёна ба 30 миллиард доллар дар сол барномарезӣ кардаанд.

Асноди ҳамкориҳои Эрону Туркия дар заминаҳои тавсеаи ҳамлу нақли транзитӣ, мубодилоти илмӣ ва фарҳангӣ, варзишӣ, энержӣ, кишоварзӣ, мубодилоти тиҷорӣ - иқтисодӣ дар ҳузури раисони ҷумҳурии ду кишвар, 19 июли 2022 ба имзои ҳайатҳои олирутбаи Эрону Туркия расид.

 

Барчасп