Январ 27, 2023 16:17 Asia/Dushanbe
  • Фарди муҳоҷим ангезаи худро мушкилоти шахсиву хонаводагӣ эълом кардааст
    Фарди муҳоҷим ангезаи худро мушкилоти шахсиву хонаводагӣ эълом кардааст

Раиси полиси Теҳрон аз дастгирии фарди муҳоҷим ба Сафорати ҷумҳурии Озарбойҷон хабар дод.

Сардори сартип Ҳусайни Раҳимӣ, раиси полиси Теҳрон бо эъломи хабари дастгирии фарде, ки субҳи рӯзи ҷумъа бо силоҳи гарм ба Сафорати ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамла карда буд, гуфт: Ин фард субҳи имрӯз бо вуруд ба Сафорати ҷумҳурии Озарбойҷон бо силоҳи гарм иқдом ба тирандозӣ кард, ки дар ин ҳодиса як нафар кушта ва ду нафар маҷруҳ шуданд.

Ба гуфтаи раиси полиси пойтахт, бо суръати амали полис, фарди муҳоҷим билофосила дастгир ва таҳқиқот аз ӯ оғоз шудааст.

Сартип Раҳимӣ бо ишора ба ин ки фарди боздоштшуда ба ҳамроҳи ду фарзанди хурдсоли худ вориди Сафорати ҷумҳурии Озарбойҷон дар Теҳрон шудааст, гуфт: Дар таҳқиқоти аввалия, фарди муҳоҷим ангезаи худро мушкилоти шахсиву хонаводагӣ эълом кардааст.

Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурии Озарбойҷон низ дар баёнияе эълом кард, муҳоҷим ба бахши амниятии сафорат нуфуз карда ва бо силоҳи гарм раиси Хадамоти амниятии сафоратро кушт ва 2 маъмури амниятии сафорат ҳангоми дафъи ҳамла маҷруҳ шуданд.

 

Барчасп