Январ 29, 2023 10:03 Asia/Dushanbe
  • Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон: Кашфи гурҳои ҷамъи кудакони бумии Канада баёнгари наслкуши аст
    Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон: Кашфи гурҳои ҷамъи кудакони бумии Канада баёнгари наслкуши аст

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон интишори гузоришҳои ҷадид аз кашфи теъдоди дигари аз гурҳои ҷамъи марбут ба кудакони бегуноҳи бумии Канадаро намунаи аз як терожидии бузурги инсонӣ донист, ки тавсифи ба ҷуз наслкуши барои он наметавон ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз идораи кулли иттилорасони ва умури сухангуи Вазорати умури хориҷа Носири Канъонии Чофӣ, сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард: Иттилоърасонии қатрачакони аз кашфи гурҳои ҷамъи дар Канада нишон аз умқи фоҷеъаи башари ва ёдовари ҷиноятҳое аст, ки дар замони ҳокимияти золимона ва нажодпарастонаи сафедпустони таҳти сайтараи англисиҳо бар ин кишвар рух дода аст.

Канъонии Чофӣ таъкид кард: Ин ҷинояти бузург ва даҳшатнок дар кишвари ба вуқуъ пайваста аст, ки давлати он ҳамвора бо намоишҳои фарибкорона ва риёкорона талош мекунад тасвири худро ҷузи муддаиёни дифоъ аз ҳуқуқи башар ба намоиш бигузорад ва нисбат ба иттифоқоти дигар кишварҳо аз ҷойгоҳи як кишвари муддаи ва мудохелаҷу, талабкорона изҳори назар кунад.

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон шиъорҳо ва иддаоҳои давлати Канадаро бо ангезаи фарофикани ва эҷоди инҳироф дар мушорикат ва муъовинати дар ин терожди инсонӣ ва мубини ин ҳақиқат донист, ки ин давлат ва дигар давлаҳои ҳампаймони он аз ҳуқуқи башар ба унвони абзори барои таҳмили дидгоҳҳои муғризонаи сиёсии худ зидди дигарон суи истифода мекунанд.

Раиси маркази дипломосии расонаӣ Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ибрози таасуф ва нигаронии амиқ аз вазъияти ин ҷиноятҳо ва наслкушии таърихӣ ва низ ибрзи ҳамдарди бо ҷомеъаи бумиёни Канада афзуд: Ин ҷиноятҳо зидди башарият ҳеҷгоҳ аз диди адолатталабони ростин пинҳон нахоҳад монд ва давлати Канада бояд посухгуи рузгори торики гузаштаи худ бошад.

Барчасп