Феврал 28, 2023 10:12 Asia/Dushanbe
  • Муовини бурӯнмарзии Садо ва Симо : Ривояти нахуст аз расонаҳои бурӯнмарзӣ мунташир хоҳад шуд

Муовини бурӯнмарзии созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт : Ривояти нахусти минтақа аз расонаҳои бурӯнмарзӣ мунташир хоҳад шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Аҳмади Наврӯзӣ-муовини бурӯнмарзии Созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳошияи аввалин ёдвораи шуҳадои расонаи муқовимат дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо хабаргузории Эронпресс афзуд : Расонаҳои муовинати бурӯнмарзии баромада аз андешаи инқилоб исломӣ ҳастанд ва бо барномарезиҳои дақиқ қарор аст беш аз пеш ривояти нахусти минтақа аз расонаҳои бурӯнмарзӣ мунташир шавад .
Муовини бурӯнмарзии созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон афзуд : Расонаҳои бурӯнмарзӣ ҳамвора пайванди вижа бо кишварҳои меҳвари муқовимат доштанд ва масоили марбут ба минтақа ҳамеша дар авлавияти кории онҳо қарор доштааст .
Ёдвораи шуҳадои расонаҳои ҷабҳаи муқовимат рӯзи душанбе бо ҳузури мақомоти олирутбаи эронӣ ва хориҷӣ, расонаҳои байналмилалӣ ва хонаводаҳои муаззами шуҳадо аз кишварҳои Эрон, Сурия, Лубнон, Ироқ ва Яман дар Теҳрон баргузор шуд .

 

Барчасп