Март 04, 2023 10:18 Asia/Dushanbe
  • Табрики солрӯзи валодати босаодати ҳазрати Алии Акбар ( а ) ва рӯзи Ҷавон

Шанбе,ёздаҳи шаъбони соли 1444 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо чаҳоруми марти 2023 солрӯзи валодати босаодати ҳазрати Алии Акбар ( а ) фарзанди Имом Ҳусайн (а), набераи Паёмбар ( с ) аст .

Ҳазрати Алии Акбар (а) 11 шаъбони соли 33 ҳиҷрии қамарӣ дар Мадина чашм ба ҷаҳон гушуданд .
Имом Ҳусайн (а) ҳазрати Алии Акбар (а)-ро шабеҳтарин мардум дар хилқату офариниш, ахлоқу сифоти рӯҳӣ, гуфтору одоби иҷтимоӣ ба Расули Акрам ( с ) муаррифӣ мекарданд.
Ҳазрати Алии Акбар ( а ) дар 10 муҳаррами соли 61 ҳиҷрии қамарӣ дар воқеаи Ошуро ба ҳамроҳи падари бузургворашону ёрони бовафои он ҳазрат ба шаҳодат расиданд ва дар канори Имом Ҳусайн (а) дар Карбало ба хок супурда шуданд .
Рӯзи валодати ҳазрати Алии Акбар (а) дар тақвими Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи Ҷавон номгузорӣ шудааст .
Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон солрӯзи валодати ҳазрати Алии Акбар (а)-ро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон табрик ва таҳният мегуяд.

 

Барчасп