-
Таъкид бар ҳамкории Эрон ва Русия дар ҷилавгирӣ аз ҷиноёти режими саҳюнистӣ
Август 02, 2024 16:23Сарпарасти вазорати умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо вазири хориҷаи Русия гуфт: Ҳамкориҳои Теҳрон ва Маскав метавонад ҷилави иқдомоти таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ дар ба хатар андохтани сулҳу суботи минтақаро бигирад.
-
Гутерриш дар посух ба тамоси Боқирӣ: Эрон ҳаққи дифоъ аз нақзи амнияти миллии худро дорад
Август 02, 2024 16:18Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар посух ба тамоси телефонии сарпарасти вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон тибқи ҳуқуқи байналмилал ҳаққи дифои машрӯъ ва дифоъ аз худро дар қиболи нақзи амнияти миллӣ ва тамомияти арзӣ дорад.
-
Нахуствазири Покистон террори Исмоил Ҳанияро маҳкум кард
Август 02, 2024 15:29Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, террори Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамосро яке аз бадтарин мисолҳои ваҳшигарӣ дар ҷаҳон унвон кард.
-
Ҳушдори Амрико дар бораи тасмими Эрон барои интиқом аз Исроил
Август 02, 2024 14:17Бурунмарзӣ - Сухангӯ ва ҳамоҳангкунандаи иртибототи роҳбурдии Шӯрои амнияти миллии Амрико гуфт: Ваъдаи интиқоми Эрон аз Исроил дар пайи террори раиси дафтари сиёсии Ҳамос дар Теҳрон бояд ҷиддӣ гирифта шавад.
-
Таъкиди Эрон бар зарурати баргузории нишасти изтирории Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар маҳкумияти террори шаҳид Ҳания
Август 01, 2024 13:05Сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Эрон бар зарурати баргузории нишасти изтирории Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ барои маҳкум кардани террори шаҳид Исмоил Ҳания ва муқовимат бо таҷовузи террористии режими ҷаълии саҳюнистӣ таъкид кард.
-
Пизишкиён: Режими саҳюнистӣ ба зудди натоиҷи иқдоми террористии худро мебинад
Август 01, 2024 10:16Раисиҷумҳур бо судури паёме бо таъкид бар посдории Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тамомияти арзӣ ва ҳокимияти миллии худ, иқдомоте чун террори шаҳид Ҳанияро нишонаи ба бунбаст расидани сиёсатҳои режими саҳюнистӣ донист.
-
Духтари шаҳид Ҳания хитоб ба саҳюнистҳо: Хуни падарам оромишро аз шумо мегирад
Август 01, 2024 09:49Нахустин паёми ман ба унвони духтари шаҳид Исмоил Ҳания барои саҳюнистҳои малъун аст, ки тасаввур мекунанд бо террори падарам роҳат мешаванд ва ором мегиранд; На ба Худо савганд, ба Худо савганд хуни падарам ба нафарин ва лаънат табдил хоҳад шуд ва то рӯзи қиёмат домангири онҳо хоҳад буд.
-
Ҳамлаи паҳподии Амрико ба Ҳашдуш-шаъбӣ ҳамзамон бо террори Исмоил Ҳания
Август 01, 2024 08:55Ҳамзамон бо террори бархе нерӯҳои Ҳашудш шаъбии Ироқ тавассути террористҳои Амрико, мардуми Ироқ амалиёти ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ дар террори шаҳид Исмоил Ҳания ва беҳурматии хоки Ҷумҳурии Исломии Эронро маҳкум карданд.
-
Вазифаи мо посухи муносиб ба террори Исмоил Ҳания аст
Август 01, 2024 08:28Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ дар маросими ташйиъи пайкари Исмоил Ҳания таъкид кард: Вазифаи мост, ки ба террори меҳмони Эрон, шаҳид Исмоил Ҳания посухи муносиб диҳем.
-
Баёнияи вазорати хориҷа дар хусуси шаҳодати Исмоил Ҳания
Август 01, 2024 07:56Вазорати умури хориҷа дар хасуси шаҳодати раиси дафтари сиёсии Ҳамос баёния содир кард.