Январ 20, 2024 14:03 Asia/Dushanbe
  • Тафсир: Ҳушдори Покистон дар бораи хатари қочоқи силоҳҳои амрикоии боқимонда дар Афғонистон
    Тафсир: Ҳушдори Покистон дар бораи хатари қочоқи силоҳҳои амрикоии боқимонда дар Афғонистон

Нахуствазири Покистон бо ҳушдор дар бораи авоқиби фурӯши таҷҳизоти низомии боқимондаи амрикоӣ дар Афғонистон гуфт, ки вуҷӯди ин силоҳҳо паёмадҳои амниятии хатарноке барои Покистон ва минтақа дорад .

Ҷои гузоштани ҳадафманди миллиардҳо доллар таҷҳизоти низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон пас аз суқути давлати Ашраф Ғанӣ дар августи  2021,  иловабар нигаронии дохилӣ. нигаронии бархе аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро ҳам ба дунбол доштааст. Кишварҳои минтақа ҳамчун Ҳинд ва Покистон муътақиданд, ки бо қочоқи силоҳҳои амрикоӣ аз Афғонистон ба хориҷ,  мавҷи ҳамалоти террористӣ дар ин кишварҳо ҳам афзоиш ёфтааст .

« Aнвар ул Ҳақ Какар » нахуствазири давлати муваққати Покистон, ки барои ширкат дар маҷмаъи ҷаҳонии иқтисод ба Давос Свитзерланд рафта буд дар ин нишаст бо ишора ба ҷои гузоштани миллиардҳо доллар таҷҳизоти неруҳои хориҷӣ ба вижа Амрико дар Афғонстон пас аз хурӯҷи ин неруҳо дар августи 2021 аз Афғонистон, гуфт ки фурӯш ва  интиқоли ин силоҳҳо дар бозори сиёҳ, субот ва амният на танҳо Покистон балки минтақа ва  ҷаҳонро ба мухотира андохтааст .

Нигаронии нахуствазири муваққати Покистон аз қочоқи силоҳҳои амрикоӣ ба ҷомонда дар Афғонистон

Сервиси амниятии Покистони моҳи гузашта бо эъломи ин ки дар соли гузаштаи милодӣ беш аз 18 ҳазор амалиёти иттилоотӣ аз сӯйи ин кишвар анҷом шуда,  гузориш дод, ки бештари таҳдидҳои амниятӣ аз хоки Афғонистон бӯда ва ин ҳамалот ба кушта шудани садҳо ғайри низомӣ, низомӣ ва террористи мунҷар шудааст .

Ба истиноди гузориши Вазорати дифои Амрико " Пентогун " ба Конгресси ин кишвар,  дар пайи хурӯҷи неруҳои Амрико ، дастиками 7 миллиард доллари таҷҳизоти низомӣ дар Афғонистон боқӣ монда ва Вашингтон ҳеҷ барномае барои « бозёбӣ ё инҳидоми » ин таҷҳизот надорад .

Ин таҷҳизоти шомили ҳавопаймо,  анвоъи муҳимот,  васоили нақлияи низомӣ ва таҷҳизоти пешрафтаи иртиботӣ аст. Чанд қонунгзори ҷумҳӯрихоҳи амрикоӣ ҳам соли гузашта дар номае ба, вазири дифоъи Амрико гуфта буданд, ки « ин ғайри ақлонӣ аст, ки таҷҳизоти низомии бархурдор аз фанноварии пешрафта, ки ҳазинаи онҳо тавассути молиёт диҳандагони амрикоӣ пардохт шуда,  бидуни далел ба дасти толибон ва  муттаҳидони онҳо афтодааст."

Ба ҳамин далел масъулон покистонӣ муътақиданд,  ҳарчанд Афғонистон барои Нато ва  Амрико як пружае раҳо шуда буд, аммо барои онҳо ва минтақаи паёмадҳои ногуворе доштааст, ба вижа таҷҳизоте, ки ба артиши Афғонистон дода шуд аммо андаки баъд ин таҷҳизот сар аз бозорҳои сиёҳи дароварда ва бахше ҳам ба бозигарони ғайридавлати мунтақил шудааст  Ба гуфтаи нахуствазири Покистон,  террористҳо бо истифода аз ин таҷҳизот,Покистонро ба чолиш кашида ва пешбини ин аст, ки ин мавзӯъ паёмадҳои хатарноктаре низ барои минтақа ва ҷаҳон дошта бошад.

Ҳарчанд соли гузашта « Забеҳуллоҳи Муҷоҳид » сухангӯи ҳукумати Толибони Афғонистон иддаои фурӯш ва  қочоқи таслеҳоти ҷомондаи Амрико дар Афғонистонро таблиғотӣ хонда ва он рад карда буд.  аммо дар моҳҳои баъди Толибон худ борҳо ба кашфи маҳмӯлаҳои қочоқи силоҳҳои амрикоӣ дар гузаргоҳҳои марзӣ бо Ҳинд ва  Покистон изъон кард . Дар воқеъ вуҷӯди силоҳҳои амрикоӣ дар Афғонистон фурӯши он дар бозорҳои сиёҳи минтақа ҳақиқате,аст ки наметавон онро онро инкор кард, ҳамчунон, ки мақомоти артиши Ҳинд ва бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам дар дусоли гузашта борҳо аз кашф ва  забти силоҳҳои амрикоӣ дар манотиқи марзии хабар доданд. Расонаҳои ҳиндӣ пеш аз ин дар гузорише бо унвони равнақи хариду фурӯши силоҳ дар марзи Афғонистон ва  Покистон.  фош карда буданд, ин силоҳҳо ки пас аз хурӯҷи неруҳои хориҷӣ аз Афғонистон ба дасти Толибон афтода ва акнӯн хатаре барои амнияти минтақа маҳсуб мешавад. Бар асоси гузоришҳо,  қочоқчиён, силоҳҳоро аз пойгоҳҳои қадимии артиши Афғонистон ҷамъоварӣ мекунанд ва дар бозорҳои фурӯши аслиҳа дар манотиқи қабилаӣ дар марзи Афғонистон ва  Покистон ба фурӯш мерасонанд .

Хатари таҷҳизоти боқимондаи амрикоӣ дар Афғонистон барои минтақа

Тавваҷуҳ ба мавзӯи машкуки ҷойгузоштани миллиардҳо доллари силоҳи амрикоӣ дар Афғонистон ва  мутаъоқиби он харид, фурӯш ва қочоқи ин силоҳҳо дар бозори сиёҳ ва ташдиди ҳамалоти террористӣ дар кишварҳои минтақаӣ ҳамаги нишонгари ин мавзӯъ аст ки асосан "ҳадаф аз ин иқдоми Ғарби густариши терроризм ва  ташдиди ноамнӣ дар кишварҳои минтақа буда, ки ин рӯзҳо беш аз ҳарзмони дигари шоҳиди он ҳастем. Изҳороти "Доналд Трамп" дар муборизоти интихоботии соли 2016 дар бораи кумаки Амрико барои таъсис ва тақвияти гурӯҳи террористии ДИИШ ва ифшои кумакҳои мустақим ва ғайри мустақими режими саҳюнистӣ дар тақвияти ин гурӯҳ  ва гурӯҳҳои мушобеҳи ҳам дар ҳамин росто арзёбӣ мешавад . Дар ин шароит шоиста аст кишварҳои минтақа бо тақвияти ҳамкории ҷамъӣ ба вижа дар бахши иттилоотӣ ва амниятӣ ,ҳам замон бо иқдом барои нобудии гурӯҳҳои террористӣ,  заминаҳои дастёбии ин гурӯҳҳо ба анвоъи таҷҳизот ва манобеи молиро ҳам баррасӣ ва решаёбӣ кунанд .

Бештар бихонед:

Барчасп