Пешниҳоди Қазоқистон барои эҷоди “Гурӯҳи 15”
(last modified Sun, 10 Sep 2017 12:35:57 GMT )
Сентябр 10, 2017 17:35 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди Қазоқистон барои эҷоди “Гурӯҳи 15”

Раисиҷумҳури Қазоқистон пешниҳод дод, “Гурӯҳи 15” кишварҳои пешрави исломӣ ба унвони гурӯҳе барои густариши илму иқтисод дар ҷаҳони Ислом ташкил шавад.

Ба гузориши ИРНА, Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон рӯзи якшанбе дар оғози нахустин нишасти сарони Созмони Ҳамкории Исломӣ дар ҳавзаи улум ва фанноварӣ дар Остона- пойтахти Қазоқистон гуфт, лозим медонам ташаккуле монанди “Гурӯҳи 20” эҷод шавад, ки дар масири густариши илм ва иқтисод дар ҷаҳони Ислом иқдом кунад.

Раисиҷумҳури Қазоқистон дар нишасти Остона, ки бо ҳузури сарони кишварҳои мухталифи исломӣ ташкил шудааст, афзуд, тавсеаи улум ва фанновариҳо ба тавсеа ва пешрафти ҷаҳони Ислом кумак мекунад ва дар ин робита бояд ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои дигарро густариш диҳем.

Нахустин иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Исломӣ дар ҳавзаи илм ва фанноварӣ, имрӯз бо ҳузури сарон ва мақомоти баландпояи кишварҳои узв дар Остона, пойтахти Қазоқистон кушоиш ёфт.

Дар ин иҷлос ҳудуди 80 ҳайат аз кишварҳои мухталиф ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат доранд.

Баррасии равобити навзуҳур байни илм, фанноварӣ ва ҷойгоҳи кишварҳои исломӣ дар ин арса ва ҳамчунин ҷустуҷӯи роҳкорҳои густурдатари ин гуна ҳамкориҳо, аз меҳварҳои аслии ин иҷлос эълом шудааст.

 

 

Барчасп