Шабакаи муштараки барқи Осиёи Марказӣ ва ғарби Осиё; аз тарҳ то амал
(last modified Wed, 25 Sep 2019 08:33:22 GMT )
Сентябр 25, 2019 13:33 Asia/Dushanbe
  • Шабакаи муштараки барқи Осиёи Марказӣ ва ғарби Осиё; аз тарҳ то амал

Бо имзои тафоҳумномаи таъсиси шабакаи муштараки барқ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ғарби Осиё дар Тошканд, заминаи таъмини доимӣ, рушди тавлид ва хариду фурӯши барқ миёни 9 кишвари минтақа фароҳам мешавад.

Ба нақл аз хабаргузории Азия Плюс, дар ин созишнома, ки дар нишасти ахири намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ғарби Осиё дар Тошканд имзо шуд, таъсиси бозори муштараки барқ миёни ин 9 кишвар дар солҳои наздик барномарезӣ шудааст.

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳамоиши сармоягузорӣ барои рушди бахши энергетика дар Тошканд, гуфтааст ки дар сурати фароҳам шудани заминаҳои фаннӣ ва таҷҳизотӣ, дар 3 то 4 соли оянда таъсиси шабакаи муштараки барқ миёни манотиқи Осиёи Марказӣ ва ғарби Осиё имконпазир хоҳад шуд, ки Афғонистон, Туркманистон ва Покистон низ бояд ба ин шабака бипайванданд.

Аммо Муҳаммадҳумоюн Қаюмӣ, кафили вазири молияи Афғонистон дар ин ҳамоиш гуфтааст, ки кишвараш таъсиси маркази воҳиди барқи дарёфтиро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Пулхумрӣ хостор аст, ки битавонад тавзеи барқро танзим кунад. Аммо масъулони барқи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ин пешниҳод мухолифат кардаанд.

 

Барчасп