Осиёи Марказӣ дар масири беҳбуди мудирияти об ва дур шудан аз танишҳои обӣ
(last modified Wed, 20 Nov 2019 14:29:59 GMT )
Ноябр 20, 2019 19:29 Asia/Dushanbe
  • Осиёи Марказӣ дар масири беҳбуди мудирияти об ва дур шудан аз танишҳои обӣ

Дар ҳоле, ки камбуди об ва ихтилофот бар сари манобеи обӣ, яке аз мушкилоти муҳими кишварҳои Осиёи Миёна аст, ин кишварҳо дар талош ҳастанд, то бо беҳбуди шеваҳои обёрӣ ва мудирияти манобеи об, дар масири коҳиши танишҳои обӣ пеш бираванд.

Беш аз 80 коршинос аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар нишасти дурӯзаи дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон, роҳҳои беҳбуд ва навсозии шеваҳои обёрӣ ва кишоварзӣ дар ин минтақаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ин ҳамоиши дурӯза бо унвони "Ба сӯи ибтикорҳои минтақавӣ барои навсозии обёрӣ дар қарни 21" бо ҳузури коршиносон ва фаъолони ҳавзаи кишоварзӣ ва обёрӣ ва ҳамчунин сиёсатгузорон ва намояндагони ниҳодҳои пажӯҳишӣ ва ҷомеаи маданӣ аз минтақа ва ҷаҳон баргузор шуд.

Обёрӣ нақши муҳиме дар баҳраварии кишоварзӣ дар Осиёи Марказӣ дорад ва баровард мешавад, ки модернсозии обёрӣ дар саросари Осиёи Миёна, метавонад тавлидоти кишоварзиро дар як даҳаи оянда ба мизони 20 дарсад ва то соли 2050 то ҳадди 50 дарсад афзоиш диҳад.

 

Барчасп