Ронандаи фирорӣ аз карантин полиси қазоқро кушт
(last modified Mon, 25 May 2020 16:20:09 GMT )
Май 25, 2020 21:20 Asia/Dushanbe
  • Ронандаи фирорӣ аз карантин полиси қазоқро кушт

Як ронанда аз гузаргоҳи карантини шаҳри Алмаатои Қазоқистон фирор карда, як корманди полисро кушта ва дигареро захмӣ кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва симои Эрон, ронандаи хилофкор, ки субҳи имрӯз душанбе қасди фирор аз карантини шаҳри Алмаатои Қазоқистонро дошт бо як дӯкони бозрасӣ ва мошини полис бархӯрда, як корманди полисро кушт ва дигаре маҷрӯҳ кард.

Пештар низ пас аз эъломи  поёни муддати карантин дар Қазоқистон, сокинони атрофи шаҳри Алмаато дар талош барои вуруд ба ин шаҳр трофики якчанд километрӣ эҷод карда буданд.

Ҳамин амр ошуфтагӣ ва бурузи мушкилот барои даҳҳо ҳазор тан аз шаҳрвандон ва низ даргирии мардум бо полисро ба ҳамроҳ дошт.

Барчасп