Қирғизистон марзи худро бо Тоҷикистон ба таври комил баст
(last modified Tue, 25 May 2021 06:38:48 GMT )
Май 25, 2021 11:38 Asia/Dushanbe
  • Қирғизистон то ҳалли мушкили аломатгузории марзи худ бо Тоҷикистон, марзро баста нигаҳ медорад
    Қирғизистон то ҳалли мушкили аломатгузории марзи худ бо Тоҷикистон, марзро баста нигаҳ медорад

Сарвазири Қирғизистон аз баста шудани марзи муштараки ин кишвар бо Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, Улуғбек Маъруфов дар сафар ба ноҳияи Чан Олайи вилояти Ош  дар марз бо ноҳияи Лахши Тоҷикистон эълом кардааст, ки то ҳаллу фасли мушкили аломатгузории марзи муштараки ду кишвар  тамоми  гузаргоҳҳои марзӣ баста  боқӣ хоҳад монд.

  

Ҳукумати Қирғизистон низ дар баёнияе таъкид кардааст: Рафтуомад аз марз бо Тоҷикистон танҳо барои кормандони сафоратҳо ва консулгариҳои ду кишвар ва аъзоии хонаводаҳои онон, кормандони ниҳодҳои хориҷӣ ва мақомоти расмии Душанбе ва Бишкек бо ҳамоҳангии қаблӣ имконпазир аст. 
  

Мақомоти ниҳодҳои марзбонӣ, гумрук ва ҳамлу нақли Тоҷикистон то лаҳзаи интишори ин хабар дар ин маврид  ибрози назар накардаанд.

Аз сӯи дигар музокироти гурӯҳҳои нақшабардории ду кишвар дар бораи суръат  бахшидан ба аломатгузории марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҷое нарасидааст ва замони сафари Раиси ҷумҳурии Қирғизистон ба Душанбе, ки даҳаи нахусти моҳи май эълом шуда буд мушаххас нест.

Пас аз даргирии хунини марзии рӯзҳои 28 ва 29 апрели гузашта дар марзи вилоятҳои Суғд ва Ботканд  55 нафар  кушта ва 240 тан аз ду тараф захмӣ шуданд. 

Аз замони оташбас токунун танҳо тавофуқи Тоҷикистон ва Қирғизистон  оғози гаштзании муштараки нерӯҳои полис будааст, ки иҷроӣ шудааст. 

Ин дар ҳолест, ки мақомоти вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон мегӯянд 57 мошини боркаши ин кишвар дар дохили Қирғизистон тавқиф шудааст. 

  
  Бештар бихонед: