Боздиди раиси ҷумҳурии Қирғизистон аз сохти роҳи нав дар минтақаи марзӣ бо Тоҷикистон
Раиси ҷумҳурии Қирғизистон бо сафар ба ноҳияи Ботканд аз раванди сохти роҳи нави иртиботии деҳаи Оқсой ба минтақаи Минбулоқ, ки имкони рафту омади бидуни вуруд ба ҷамоати Ворух дар ноҳияи Исфараро фароҳам мекунад, боздид кард.
Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, Садир Ҷабборов дар дидор бо сокинони ин минтақа ва коргарони ширкатҳои роҳсозӣ гуфтааст, ки ин масири ҷадид барои Қирғизистон аҳамияти роҳбурдӣ дорад ва бо ифтитоҳи он барои рафту омад миёни деҳоти қирғизнишин дигар ниёзе ба вуруд ба қаламрави Тоҷикистон нахоҳад буд.
Тӯли ин масири ҷадид 48 километр аст, ки 7 километри он сохта шудааст ва бояд аз гарданаи кӯҳистонии баланд низ убур кунад.
Сохти ин роҳ билофосила пас аз даргирии хунини марзии рӯзҳои 28 ва 29 апрел миёни марзбонони тоҷик ва қирғиз оғоз шуд.
Ин даргирӣ беш аз300 куштаву захмӣ барҷой гузошт.
Дар рӯзҳои ахир Қирғизистон бо бастани марзҳои ҳавоӣ ва заминии худ бо Тоҷикистон, вуруди шаҳрвандони тоҷикро ба ин кишвар мамнуъ кардааст.
Бештар бихонед:
- Вазорати хориҷаи Тоҷикистон: Ба Қирғизистон сафар накунед
- Тоҷикистон ва Қирғизистон барои таъйини марзи муштарак ба тавофуқ нарасиданд
- Боздиди Ҷабборов аз марзи муштараки Қирғизистон ва Тоҷикистон